Корманди шабакаҳои барқи Истаравшан дар дуздии таҷҳизот ба маблағи 1,2 млн сомонӣ айбдор мешавад

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҳодисаи дуздии амволро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ аз корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан ошкор карданд. Тавре ки маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, Ҳомидов Б.Б. зимни кор дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз ваколати […]

Asia-Plus

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҳодисаи дуздии амволро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ аз корхонаи шабакаҳои барқи шаҳри Истаравшан ошкор карданд.

Тавре ки маркази матбуоти Агентӣ хабар медиҳад, Ҳомидов Б.Б. зимни кор дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан бо истифода аз ваколати мансабдорӣ даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.

Мувофиқи айбҳои пешниҳодшуда зимни фаъолият дар ин мансаб ӯ гӯё ғайриқонунӣ маҳсулот ва таҷҳизоти барқии дар ихтиёр доштаашро ба маблағи зиёда аз 1,2 млн сомонӣ азхуд кардааст.

Мақомоти тафтишот мегӯянд, Ҳомидов барои содир намудани ин ҷиноят аз ваколатҳои хидматии худ истифода бурдааст. Дар бораи давраи содир гардидани ҷиноят хабар дода намешавад.

Гуфта мешавад, дар ин робита нисбати Ҳомидов бо моддаи 245, қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори  махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё маҳруммият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар хабари Агентӣ зимнан зикр мегардад, ки тафтишоти пешакӣ аз рӯйи ин далел идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки ин аллакай ҳодисаи дуюми аз ҷониби кормандони шабакаҳои барқ содир гардидани ҷинояти азхудкунӣ ё исрофкории маблағҳои давлатӣ мебошад.

Қаблан хабар дода будем, ки сардори гурӯҳи хидматрасонии қитъаи Панҷакенти “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” Эргашев Б.С. ҳамроҳи директори ин корхона Бобоев Б.К. ва дигар шахсони масъул амволи шабакаро ба маблағи 2 млн 136 ҳазору 613 сомонӣ азхуд кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.