Сокини Истаравшан бо зиёда аз 70 кг маводи мухаддир боздошт шуд

Меҳровар Буриев, як сокини шаҳри Истаравшан бо баҳонаи содироти нӯшокии навъи “Coca–Cola” ба Русия дар мошини боркаш беш аз 70 кг маводи мухаддирро пинҳон карда, мехост ба воситаи сарҳад аз кишвар берун барад. Бино ба иттилои Зафар Муҳаммадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд, маводи мусодирашуда навъи героин буда, вазни умумии он 71 кг 110 […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Меҳровар Буриев, як сокини шаҳри Истаравшан бо баҳонаи содироти нӯшокии навъи “CocaColaба Русия дар мошини боркаш беш аз 70 кг маводи мухаддирро пинҳон карда, мехост ба воситаи сарҳад аз кишвар берун барад.

Бино ба иттилои Зафар Муҳаммадиев, сардори Раёсати гумрук дар вилояти Суғд, маводи мусодирашуда навъи героин буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад.

“Меҳровар Буриев дар воситаи нақлиёти боркаши тамғаи “Мерседес Бенс Актрос-184” бо ядаки тамғаи “Шмитс SKO 24”, ки ба Русия тааллуқ дошт, 65 баста маводи мухаддирро дар таги бастаҳои оби нӯшокии “Coca-Cola” пинҳон карда, аз сарҳад баровардан мехост. Номбурда обҳои “Coca-Cola”-ро нияти ба Русия бурдан дошт, аммо маълум набуд, маводи мухиддири дар таги об пинҳон кардаашро ба куҷо бурданӣ буд”, – шарҳ дод Зафар Муҳаммадиев.

Ӯ афзуд, “аз рафтору амалҳои Буриев маълум буд, ки якум бор  маводи мухаддиро интиқол надодааст, яъне таҷрибадор аст”.

Айни замон нисбати Меҳовар Буриев бо моддаҳои 200, қисми 4, 32, қисми 3 ва 289, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парванда боз шудааст.

Ёдовар мешавем, ки давоми соли 2023 аз ҷониби Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд дар умум 18 ҳолати ҷиноят ошкор шудааст. Аммо ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.