Сӯхтор дар бозори “Баҳор”-и Бохтар

Субҳи имрӯз, 7-уми март, дар бозори қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – “Баҳор” дар шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад. Дар пайи ин ҳодиса 7 мағоза зарар дидааст. Аз Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба қисми навбатдорӣ соати 7:20 дақиқа доир ба сар задани сӯхтор хабар доданд. “Сӯхтор бештар аз 200 метри мурабаъро […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 7-уми март, дар бозори қисмҳои эҳтиётии нақлиёт – “Баҳор” дар шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад. Дар пайи ин ҳодиса 7 мағоза зарар дидааст.

Аз Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба қисми навбатдорӣ соати 7:20 дақиқа доир ба сар задани сӯхтор хабар доданд.

“Сӯхтор бештар аз 200 метри мурабаъро фаро гирифта, 7 нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил зарар дидаанд. Аммо сабаби сӯхтор то ҳол маълум нашудааст”, – гуфтанд аз ин раёсат.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ба ҷойи ҳодиса 7 дастаи оташнишонӣ сафарбар шуда, тавонистанд аз паҳншавии он пешгирӣ кунанд.

“Наздики 2 000 метри мурабаъ ё беш аз 50 нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил аз сӯхтор наҷот дода шуд”, – зикр карданд дар Раёсати Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон.

Айни замон сабаби сӯхтор ва зарари аз он расида аз ҷониби мақомоти дахлдор муайян карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.