Лоиқ Раҷабов: Аз ҷангҳои кӯчагӣ то октагони UFC

Ҳамагӣ чанд рӯз қабл Лоиқ Раҷабов, размгари шинохта ва номдори тоҷик дар ташкилоти UFC муҳорибаи сеюми худро гузаронид. Ин маротиба ӯ бо Карим Ал-Селвади муҳориба кард. Лоиқ Раҷабов рақиби худро дар раунди сеюм бо як зарбаи дасти рост ба накаут фиристод. “Тонки тоҷик” ҳамчунин яке аз варзишгаронест, ки ҳаводорони зиёди худро дорад. Ӯ корномаи касбии […]

Эмомалӣ Сайидзод

Ҳамагӣ чанд рӯз қабл Лоиқ Раҷабов, размгари шинохта ва номдори тоҷик дар ташкилоти UFC муҳорибаи сеюми худро гузаронид. Ин маротиба ӯ бо Карим Ал-Селвади муҳориба кард. Лоиқ Раҷабов рақиби худро дар раунди сеюм бо як зарбаи дасти рост ба накаут фиристод.

“Тонки тоҷик” ҳамчунин яке аз варзишгаронест, ки ҳаводорони зиёди худро дорад.

Ӯ корномаи касбии худро аз соли 2012 шурӯъ карда, дар ташкилотҳои бонуфузе чун PFL, UFC ва дигарҳо ҳунарнамоӣ намудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки Лоиқ Раҷабов дар ташкилоти PFL ду маротиба барои ба даст овардани камарбанди қаҳрамонӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 1 млн доллар мубориза бурд, аммо мутассифона, дар ҳарду ҳолат шикаст хӯрд.

Ӯ аз соли 2022 инҷониб дар ташкилоти UFC баромад мекунад. То имрӯз ӯ дар ин ташкилот се муҳориба гузаронида, 2 ғалаба ва як мағлубият дорад. Ягона шикасти ӯ дар ин ташкилот аз варзишгари полшагӣ Матеуш Ребетский буд.

Дар умум дар корномаи ҳирфаии худ ӯ 23 муҳориба гузаронида 18 ғалаба 5 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Мо Лоиқ Раҷабовро ба барномаи “Varzish +” даъват кардем. Ӯ дар барнома перомуни даврони кӯдакӣ, ҳаёти шахсӣ, корномаи касбӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳими ҳаёташ қисса кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст