Тоҷикистону Қирғизистон баргузории киштукори баҳориро дар минтақаҳои наздимарзӣ баррасӣ карданд

Дар ноҳияи Ботканд вохӯрии ҳайатаҳои Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории Тurmush бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳокимият иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар мавзеи Торт-Кочу дар сарҳади деҳаи Орто Бози авули Ак-Татири ноҳияи Ботканд ва деҳаи Хоҷаи Аълои Исфараи Тоҷикистон доир гардидааст. Ҳайати Қирғизистонро ҳокими ноҳияи Ботканд Учкунбек Жоробоев ва Тоҷикистонро […]

Asia-Plus

Дар ноҳияи Ботканд вохӯрии ҳайатаҳои Қирғизистону Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора хабаргузории Тurmush бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳокимият иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, вохӯрӣ дар мавзеи Торт-Кочу дар сарҳади деҳаи Орто Бози авули Ак-Татири ноҳияи Ботканд ва деҳаи Хоҷаи Аълои Исфараи Тоҷикистон доир гардидааст.

Ҳайати Қирғизистонро ҳокими ноҳияи Ботканд Учкунбек Жоробоев ва Тоҷикистонро – раиси ноҳияи Исфара Баҳодваддин Баҳодурзода роҳбарӣ кардаанд.

Дар вохӯрӣ намояндагони сохторҳои қудратӣ, раисони Раёсатҳои хоҷагии об ва роҳаброни ниҳодҳои дахлдор аз ҳарду ноҳия ҳузур доштаанд. Ҷонибҳо масоили марз, тартиботи ҳуқуқӣ, киштукори баҳорӣ, тозакунии ҷӯйбор ва наҳрҳо, инчунин пешгирии ҳолатҳои муноқиша ва иғвоангезиҳои гуногунро баррасӣ кардаанд.

Дар хабар зикр мешавад, ки айни замон вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар ноҳияи Ботканд орому осоишта аст.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистону Қирғизистон тавсифи 889,45 километри сарҳадро ба анҷом расониданд, ки 90% аз хатти умумии сарҳадро ташкил медиҳад.

Зимни нишасти матбуотии рӯзи 8 феврал дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон Ориф Хоҷазода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буд, ки соли 2023 гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 ҷаласа гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои онҳо тавсифи 169,48 километр хатти сарҳади давлатӣ анҷом дода шуд.

Масофаи умумии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 987,6 километрро ташкил медиҳад.

Он замон Хоҷазода аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи қитъаҳои мувофиқашудаи сарҳад худдорӣ варзида, ишора карда буд, ки “қаблан ҷонибҳо бобати “махфӣ боқӣ мондани мазмуни протоколу ҳуҷҷатҳо дар бораи иҷрои корҳо, қатъиян риоя шудан ва нашри онҳо пас аз розигии ҳарду тараф” ба созиш расида буданд.

Хоҷазода аз шарҳи маълумоти дар моҳи март имзо шудани созишномаи ниҳоӣ низ худдорӣ варзида, чунин гуфта буд: “Мо ҳам хоҳони он ҳастем, ки масъалаи сарҳад ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад”.

Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.

Гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатии байни кишварҳо аз соли 2022 идома доранд.

Одамон аз ҳарду ҷониб борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ба муноқиша пардохта, онҳо баъзан ба задухӯрди мусаллаҳона боис мешуданд.

Қитъаҳои баҳснок асосан дар мавзеи тақсимоти об, чарогоҳу қитъаи заминҳо, ки ҳарду ҷониб қаламрави худ мешуморанд, ҷойгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио