Оғози таътили баҳорӣ маълум шуд. Хонандагони мактаб дар Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Date:

Дар Тоҷикистон таътили баҳории мактаббачагон аз 21-уми март оғоз шуда, то 31-уми март идома мекунад. Дар ин бора ба  “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи охирини дарс 20-ум март буда, аз 21-уми март хонандагон ба таътили баҳорӣ мебароянд.

Дарсҳо аз 1-уми апрел барои ҳамаи хонандагон оғоз меёбанд.

Дар Вазорати маориф ҳамчунин зикр намуданд, ки донишҷӯён ва дигар кормандони соҳаи маориф аз 21 то 25-уми март истироҳат карда, аз 26-уми март ба кор ва дарс мебароянд.

Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта бо сабаби тамдиди истироҳати зимистона, таътили баҳории мактаббачагон дар ҷумҳурӣ кӯтоҳ карда шуда буд.

Мактаббачагон аз 20 то 26-уми март истироҳат намуда, 27-уми март машғулият оғоз ёфта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...