Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон реҷаи шадиди фаъолият ҷорӣ мегардад

            Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз фардо, 20-уми март ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ва нерӯҳои низомии сохтори умури дохилӣ ба реҷаи шадиди фаъолият мегузаранд.             Тавре аз Вазорати умури дохилии   кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чораи мазкур бинобар таҷлили ҷашни Наврӯз пеш гирифта мешавад.             Бино ба иттилои […]



           

Душанбе. 19-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз фардо, 20-уми март ҳайати шахсии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ва нерӯҳои низомии сохтори умури дохилӣ ба реҷаи шадиди фаъолият мегузаранд.





           

Тавре аз Вазорати умури дохилии

 

кишвар ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чораи мазкур бинобар таҷлили ҷашни Наврӯз пеш гирифта мешавад.




           

Бино ба иттилои манбаъ, иншооти ҳаётан муҳими давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятии умумӣ таҳти муҳофизати кормандони милиса қарор мегиранд. Реҷаи шадиди фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то 25-уми март идома хоҳад ёфт.




           

Ғайр аз ин, тибқи иттилои расида аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, ин рӯзҳо дар марзи давлатии ҷумҳурӣ ва бахусус дар марз бо Афғонистон низ чораҳои пурзӯр намудани муҳофизати марз андешида мешаванд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.