Эмомалӣ Раҳмон: “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 24 март бо Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум кард. “Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”, – таъкид дошт […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 24 март бо Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон кирдори террористии золимонаи хунинро дар маҷмаи «Крокус Сити Холл» қатъиян маҳкум кард.

“Террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”, – таъкид дошт сарвари давлати Тоҷикистон.

Президенти Тоҷикистон бо таманниёти шифои оҷил ба осебдидагон, таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ барои аъзои оила ва наздикони фавтидагон бар асари фоҷеаи даҳшатангез иброз намуд.

Сарвари давлат дар лаҳзаҳои ҳузнангези мотами умумимиллӣ дар ин кишвар ҳамраъйии тамоми шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мардуми бародари Русия изҳор намуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, рағбати худро ҷиҳати идомаи ҳамкории зич дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм ва зуҳуроти тундгароии динӣ, ки хатари ҷиддиро ба амният ба бор меоранд, тасдиқ карданд.

Дар ин замина аҳаммияти минбаъд ҳам вусъат бахшидани талошҳои муштарак ҷиҳати тамосҳои доимӣ ва ҳамоҳангсозиҳо миёни идораҳо ва хадамоти марбутаи ҷонибҳо бо мақсади аксуламали самарабахш ва муборизаи муштарак аллайҳи ин хатарҳо қайд гардид.

Бино ба маълумоти ахир, бар асари ҳамлаи террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” 137 нафар, аз ҷумла 3 нафар кӯдакон ҳалок шуда, 180 кас осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст