Тоҷикистону Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳад ба мувофиқа расиданд

Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳади давлатӣ байни кишварҳо тавофуқ ҳосил намуданд. Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 24 то 29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистан вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо […]

Asia-Plus

Тоҷикистон ва Қирғизистон боз сари 28,37 километри сарҳади давлатӣ байни кишварҳо тавофуқ ҳосил намуданд.

Тавре ки АМИТ “Ховар” бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар асоси мувофиқаи бадастомада аз 24 то 29 марти соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистан вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо баргузор шуд.

Гуфта мешавад, гурӯҳҳои кории топографӣ 28,37 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки тавсифи минтақаҳои боқимондаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор мегардад, идома диҳанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Пеш аз ин шаҳри Бодканд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

“Роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳокимаи масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар қитъаҳои боқимонда идома дода, баҳри минбаъд муайян намудани хати сарҳад байни ду давлат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд”, – омадааст дар хабар.

Инчунин ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати идомаи раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супоришҳои мушаххас дода шуд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳамаи корҳо оид ба мувофиқасозии хати сарҳади байни давлатҳо моҳи марти соли 2024 ба итмом мерасанд, лекин ҳоло дар бораи даври хотимавии корҳо маълумот дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио