Президенти Туркманистон ба муносибати Шаби қадр 356 маҳбусро авф кард

Date:

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов ба муносибати Шаби қадр (лайлатулқадр), ки дар дини ислом ба он иззату арҷи зиёд мегузоранд, 356 маҳбусро авф кард. Дар ин бора “Фергана” хабар медиҳад. Ӯ дар ин бора фармони дахлдор ба имзо расонид.

Масъалаи авфи зиндониён дар ҷаласаи ҳукумат таҳти раёсати Бердимуҳаммедови хурдӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласа зикр шуд, ки  фармони президент ба шаҳрвандоне, ки барои ҷинояткорӣ маҳкум шудаанду аз он самимона изҳори пушаймонӣ мекунанд, дахл хоҳад дошт.

Ба котиби Шӯрои амният, ҳамзамон раиси Комиссия оид ба таҳияи пешниҳодҳо дар масоили шаҳрвандӣ ва авфи назди президенти ҷумҳурӣ Бегенчу Гундогдиев дастур дода шудааст, ки дар ҳамдстӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои озод намудани қисмате аз маҳбусон ва баргаштани онҳо ба назди оилаҳояшонро амалӣ созад.

Роҳбарони мақомоти ноҳиявӣ ва шаҳрии ҳукумат дастур гирифтанд, ки барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони авфшуда тадбирҳо роҳандозӣ кунанд.

Дар шарҳи масъалаи мазкур Сардор Бердимуҳаммедов ба шаҳрвандоне, ки ба наздикӣ аз зиндонҳо озод мешаванд,  орзу кардааст, ки "поквиҷдонона ва бо рӯҳу илҳоми тоза дар дигаргуниҳои васеъмиқёси кишвар кор кунанд ва самимона ба Ватан хизмат кардаву аз самараи меҳнати худ шод шаванд".

Ташаббусҳои авф дар Туркманистон мунтазам гузаронида мешаванд. Дар остонаи Шаби қадр, Рӯзи бетарафӣ ва соҳибистиқлолӣ президент дар ин бора фармонҳои марбута имзо мекунад. Ба ин тариқ, тайи чанд соли ахир зиёда аз 20 ҳазор сокинони маҳкумшудаи ҷумҳурӣ ба озодӣ баромаданд.

Шаби қадр дар моҳи шарифи Рамазон мақоми хос дорад. Дар шаби 27-уми Рамазон будани шаби Қадр ба яқин наздиктар аст. Мусулмонон бар он боваранд, ки дар он шаб Қуръони карим бар Пайғамбар Муҳаммад (с) нозил шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...