“Фурсати донистан”: Тартиби ворид намудани ислоҳот дар санади маъмурӣ чигуна аст?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби ворид намудани ислоҳот ва бартараф намудани хатоҳо дар санади маъмуриро баррасӣ карданд.   Дастрасӣ умум гардонидани санади […]

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби ворид намудани ислоҳот ва бартараф намудани хатоҳо дар санади маъмуриро баррасӣ карданд.

 

Дастрасӣ умум гардонидани санади маъмурӣ чи маъно дорад? Кодекси расмиёти маъмурӣ оиди ин ҳолат чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

Дастрасӣ умум гардонидан маънои дар мақомоти маъмурӣ дар ҷойи намоён (лавҳа) гузоштани санади ҳуқуқии маъмурӣро дорад. Дар мавриди зарурат санади маъмурӣ ҳамчунин дар дигар ҷойҳои оммавӣ низ дастрасӣ умум гардонида мешавад. Инчунин дастрасӣ умум кардани санади маъмурӣ маънои шинос намудани тарафҳои манфиатдор бо санади маъмурӣро дорад.

Расман шинос шудани тарафи манфиатдор бо санади маъмурӣ маънои ба ӯ супурдан ё фиристодани санади ҳуқуқии маъмурӣро тавассути почта бо огоҳиномаи супориш дорад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар накарда бошад. Шахс дар сурати нагирифтани санади ҳуқуқии маъмурӣе, ки тавассути почта ба ӯ фиристода шудааст, ҳақ дорад нусхаи онро аз мақомоти маъмурӣ гирад.

 

Мувофиқи Кодекси расмиёти маъмурӣ дар кадом мавридҳо санади маъмурӣ чоп ё худ нашр карда мешавад?

Санади маъмурӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун интишор мегардад. Агар санади маъмурӣ ба манфиатҳои зиёда аз 50 шахс таъсир расонад, огоҳонидан метавонад ба интишор иваз карда шавад. Дар чунин ҳолат санади маъмурӣ танҳо ба аризадиҳанда, агар аризаро якчанд шахс имзо карда бошанд, ба шахсе, ки имзояш дар ариза аввал аст, супурда мешавад.

Санади ҳуқуқии маъмурӣ дар нашрияи расмии мақоми маъмурӣи дахлдор интишор карда мешавад. Агар мақомоти маъмурӣ нашрияи расмӣ надошта бошад, санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд дар нашрияе, ки дар тамоми қаламрави амали мақомоти маъмурӣ паҳн мегардад ва на камтар аз як маротиба дар як ҳафта чоп мешавад, интишор карда ё дастрасӣ умум гардонида шавад.

Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст пешаки тартиби интишор ё дастрасӣ умум гардонидани санади ҳуқуқии маъмурӣ дар қисми дуюми ҳамин модда зикршударо муайян намояд.

 

Дар кадом ҳолатҳо хатогиҳо дар санади маъмурӣ ислоҳ карда мешаванд? Кодекси расмиёти маъмурӣ оиди ин ҳолат чигуна муқарарот пешбинӣ намудааст?

Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор аст хатоҳои имлоӣ ва арифметикии санади маъмурӣи қабулшударо бо воситаи ворид намудани тағйирот ислоҳ намояд.

Зимнан ёдрас мешавем, ки ворид намудани тағйирот ва иловаҳои ҷиддӣ маънии қабул кардани санади нави маъмурӣро дорад. Санади маъмурӣи хатояш ислоҳшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур интишор, дастрасӣ умум ва расман шинос карда шавад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио