Тағйироти кадрӣ. Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор барканор шуд

Имрӯз, 15-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод ва чанд нафарро аз вазифа озод карда, нафарони дигарро ба вазифаҳои нав таъин кард. Аз ҷумла, бо фармони президент, Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод гардид. Ӯ дар ин вазифа аз 27-уми январи соли 2022 фаъолият дошт. Бояд гуфт, ки Қосим […]

Asia-Plus

Имрӯз, 15-уми апрел, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом дод ва чанд нафарро аз вазифа озод карда, нафарони дигарро ба вазифаҳои нав таъин кард.

Аз ҷумла, бо фармони президент, Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод гардид. Ӯ дар ин вазифа аз 27-уми январи соли 2022 фаъолият дошт.

Бояд гуфт, ки Қосим Роҳбар яке аз кадрҳои собиқадор ҳукумат дониста мешавад аз соли 1994 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда, аз ҷумла раиси шаҳри Хуҷанд, раиси вилояти Суғд,  вазири кишоварзӣ ва раиси Кумитаи рушди маҳал кор кардааст.

Дар матни фармони раиси ҷумҳур сабаби аз вазифа озод шудани Қосим Роҳбар зикр нашудааст ва маълум нест, ки ӯ ба кадом вазифа таъин гардидааст ё не.

Ба ба ҷойи ӯ Ҷаббор Носирзода, ки то имрӯз ба ҳайси муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон кор мекард, раиси шаҳри Ҳисор таъин гардид. Ӯ пештар дар вазифаҳои раиси ноҳияи Шаҳринав ва муовини вазири кишоварзӣ кор кардааст.

Ҳамчунин, бо фармони президент Билол Иброҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод шуд. Ӯ дар ин аз 28 январи соли 2019 кор мекард. Пештар аз ин, ӯ дар вазифаи раиси шаҳри Роғун ҳам фаъолият кардааст.

Ба ҷойи ӯ Сафар Олимзода таъин гардид. Оид ба корномаи Олимзода маълумоти бештар дастрас нест.

Дар идома, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ,  бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид. Ӯ қаблан дар вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Ба ҷойи ӯ Фирдавс Ҷалолзода муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.

Инчунин, Исломиддин Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  вазифаи сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ пештар дар вазифаҳои муовини раиси бонки “Амонатбонк” ва раиси ноҳияи Данғара кор кардааст.

Ӯ дар ин вазифа Абдулмаҷид Муминзодро иваз кард, ки моҳи январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар таъин шуда буд.

Имрӯз ҳамчунин, Зоир Раҳмонзода ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи технологии Тоҷикистон» таъин гардид ва дар ин вазифа Илҳом Амонзодаро иваз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио