Паёмади боришоти чанд рӯзи ахир дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе

Боришоти шадиди чанд рӯзи ахир дар кишвар ба хонаводаҳо дар баъзе ноҳияҳо ва пойтахти ҷумҳурӣ зарар расониданд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 15 апрел бар асари боришот дар маҳаллҳои аҳолинишини деҳаҳои М.Турсунзода, ҷамоатҳои Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар селпартоҳо болоравии сатҳи об ба мушоҳида расидааст. Дар натиҷа ҳавлиҳои сокинони маҳаллиро об […]

Asia-Plus

Боришоти шадиди чанд рӯзи ахир дар кишвар ба хонаводаҳо дар баъзе ноҳияҳо ва пойтахти ҷумҳурӣ зарар расониданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи 15 апрел бар асари боришот дар маҳаллҳои аҳолинишини деҳаҳои М.Турсунзода, ҷамоатҳои Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар селпартоҳо болоравии сатҳи об ба мушоҳида расидааст.

Дар натиҷа ҳавлиҳои сокинони маҳаллиро об зер кардааст. Айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ ва Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ҷиҳати ташкили корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ чораҳо меандешанд.

Ҳамин рӯз дар қаламрави шаҳри Ваҳдат бар асари болоравии сатҳи об дар наҳр (канал)-и Янгиқурғон чанде аз ҳавлиҳои сокинонро об зер кардааст.

Дар натиҷаи болоравии сатҳи об дар дарёи Яхсу дар қаламрави мавзеи Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Худоёрраҷаби ноҳияи Восеъи вилояти Хталон садди муҳофизатии соҳили рости дарё дар масофаи 25-30 метр осеб дидааст.

“Дар ҷойи ҳодиса кормандони КҲФ дар ҳамдастӣ бо кормандони Раёстаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия дар масофаи 65 метр плитаҳои оҳану бетонӣ гузошта, онро бо ресмонҳо пайваст карданд”, – хабар доданд аз Кумита.

Дар Душанбе чанде пеш бар асари боришоти шадид ва фаромадани сангу лойқа аз теппаҳо сатҳи об дар канали Чоряккорони ноҳияи Сино боло рафта, об аз соҳилҳо берун рафт ва роҳи мошингарди байни маҳаллаҳои Чоряккорон ва Зафарро баст.

Дар хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ боришоти шадид ба баста шудани роҳи мошингард ба масофаи 150 метр боис гардид.

Зикр шуд, ки бо ёрии техникаи махсус роҳҳо тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор шуда, Комиссияи ҳолатҳои фавқулдодаи шаҳр дар ҷойи ҳодиса машғули кор аст.

Бино ба маълумоти Кумита, бар асари офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Маълумот дар бораи шаби гузаштаи 16 апрел ҳоло дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио