Боздошти 2 ҷавон дар Хатлон барои латукӯби омӯзгор

Дар шаҳри Бохтар кормандони милится ду ҷавонро барои даст доштан дар латукӯби омӯзгори мактаби маҳаллӣ боздошт намуданд. Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, нисбати сокинони 22-солаи шаҳри Бохтар Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода мутобиқи моддаи “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ба мктаби миёнаи №7-и шаҳри Бохтар омада, омӯзгор […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар кормандони милится ду ҷавонро барои даст доштан дар латукӯби омӯзгори мактаби маҳаллӣ боздошт намуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, нисбати сокинони 22-солаи шаҳри Бохтар Қосим Достонов ва Исомиддин Воҳидзода мутобиқи моддаи “авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон ба мктаби миёнаи №7-и шаҳри Бохтар омада, омӯзгор С.Зиёзодаро аз дарс ба берун даъват мекунанд ва мустақиман дар долон ӯро таҳқир ва латукӯб мекунанд.

“Ҳарчанд атрофиён аз онҳо дархост кардаанд, ки амалҳои ғайриқонуниашонро қатъ кунанд, ба суханони касе эътибор надода, муддати тӯлонӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва рафти дарсомӯзиро дар дохили муассисаи мазкур дағалона вайрон намудаанд”, – омадааст дар хабари Раёсат.

Дар бораи сабаби таҳқир ва латкӯби омӯзгор хабар дода нашуда, танҳо зикр мегардад, ки яке аз боздоштшудагон Қосим Достонов қаблан низ бо моддаи 238 КҶ Тоҷикистон (авбошӣ) ҷазо гирифта будааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати онҳо бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии ҶТ  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Мутобиқи ин модда ҷарима ва муҳлати ҳабс вобаста ба ҳолатҳои мушаххас ва ҷиддияти ҷиноят гуногун мебошанд. Ба сурати умум, дар Тоҷикистон барои авбошӣ метавонад ҷарима ё ба муҳлати аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо таъин карда шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.