Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон

Шабонарӯзи гузашта дар минтақаи шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ бар асари боришоти пуршиддат ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Истиқлол, дар наздикии корхонаи “Хуаксин Ғаюр Суғд Семент” 4 ҳолати фаромадани сел ва сангреза ба қайд гирифта шуда, […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар минтақаи шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ бар асари боришоти пуршиддат ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, дар роҳи мошингарди Хуҷанд – Истиқлол, дар наздикии корхонаи “Хуаксин Ғаюр Суғд Семент” 4 ҳолати фаромадани сел ва сангреза ба қайд гирифта шуда, бо ёрии техникаи махсус роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт барқарор карда шуд.

Гуфта мешавад,  ҳамин рӯз соати 15:05 дақиқа бар асари боришот сел омада, ба шусташавии садди муҳофизатӣ дар деҳаи Қурғонча боис гардидааст.

Пас аз 5 дақиқа, соати 15:10 маҷрои сел қаламрави шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳро фаро гирифта, ба заминҳои кишт ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зарар расонид.

Соати 16:10 дақиқа боришоти пуршиддат ба омадани сел дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон боис гардида, 22 иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ зери об мондааст.

Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фвақулода дар ҷойҳои ҳодиса машғули кор буда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр мекунанд, ки дар натиҷаи селфароӣ ва сангреза талафоти ҷонӣ ва харобиҳои зиёд ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.