Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар

Баъди ду ҳафтаи гирифтани сӯзандоруи ZOLGENSMA дар Маркази миллии тиббии таҳқиқоти солимии кӯдакон дар Маскав Сулаймон, ки бемории нодир – атрофияи мушаки пушти бадан (СМА) дошт, дар ниҳояти кор аз беморхона рухсатӣ шуд. Ба туфайли дастгирии бесобиқаи ҳам сокинони Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои ҳамсоя рӯзи 9 апрел ба Сулаймон доруи деринтизори ZOLGENSMA гузаронида шуд, ки […]

Баъди ду ҳафтаи гирифтани сӯзандоруи ZOLGENSMA дар Маркази миллии тиббии таҳқиқоти солимии кӯдакон дар Маскав Сулаймон, ки бемории нодир – атрофияи мушаки пушти бадан (СМА) дошт, дар ниҳояти кор аз беморхона рухсатӣ шуд.

Ба туфайли дастгирии бесобиқаи ҳам сокинони Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои ҳамсоя рӯзи 9 апрел ба Сулаймон доруи деринтизори ZOLGENSMA гузаронида шуд, ки ҳаёти ӯро бакуллӣ тағйир дод.

Арзиши муолиҷа ҳудуди 1,4 млн долларро ташкил дода, он ба туфайли талошҳои дастаҷамъона ва кумаки молиявӣ ҷамъоварӣ шуд.

Манижа Азизова, модари Сулаймон ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки пас аз гирифтани сӯзандору вазъи солимии писараш рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

“Мо муддати ду ҳафта вазъи ӯро назорат кардем. Ҳоло писарам худашро муътадил ҳис мекунад. Болоравии ҳарорат ва беҷо шудани дил (қайкунӣ) баъди сӯзандору падидаи маъмулӣ аст. Ҳар 5 рӯз ташхис супоридем, то ки ба муътадил будани нишондиҳандаҳо бовар ҳосил кунем”, – мегӯяд Манижа.

Ӯ таъкид дошт, ки акнун ба Сулаймон лозим меояд, ки мунтазам худро барқарор созад, то пешравии бадастомада қавитар шавад.

Ин раванди дарозмуҳлатест, ки заҳмати доимӣ барои рушди малакаҳои навро талаб мекунад.

“Пас аз сӯзандору гирифтан, ман дарҳол тағйиротро мушоҳида кардам, ӯ ҷисмаш ва сарашро мустаҳкам нигоҳ дошта, худаш аз курсӣ мехезад ва ҳатто мустақилона 1 дақиқа мешинад”, – илова кард ӯ.

Модараш изҳор намуд, ки ин танҳо оғоз аст ва Сулаймонро лозим меояд, ки мубориза барад ва бо дастгирии мутахассисон рушд ёбад.

Баъди ду ҳафта Сулаймон ҳамроҳи модараш ба ватан бармегарданд ва сипас пас аз як моҳи истироҳат боз барои муолиҷа ба Маскав раҳсипор мешаванд.

Манижа ба ҳамаи онҳое, ки дар ин лаҳзаи душвор ӯро дастгирӣ намуданд, самимона изҳори миннатдорӣ кард.

Наҷоти Сулаймон ба туфайли доруи ZOLGENSMA муяссар шуд. Дар аввал нархи доруи «Золгенсма» ҳудуди 2,125 млн долларро ташкил медод, аммо бо сабаби он, ки Русия бо ширкати истеҳсолкунандаи Novartis қарордод дошт (Тоҷикистон надорад), сӯзандоруро бо нархи ҳудуди 1,4 млн доллар харидан мумкин буд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки дору тариқи Русия харида мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон маркази муолиҷаи бемории атрофияи мушаки пушти бадан (СМА) вуҷуд надорад, аз ин рӯ, Сулаймон табобатро бояд дар Маскав идома диҳад. Волидонаш мехоҳанд табобатро дар ватан идома диҳанд ва умедворанд, ки оянда дар Тоҷикистон низ чунин марказ сохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.