Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд

Кормандони Раёсати гумруки вилояти Суғд қочоқбареро боздошт намуданд, ки мехост аз Қирғизистон зиёда аз 2,7 тонна маводи дорувории тиббиро интиқол диҳад. Ӯ ҳанӯз як моҳ пеш боздошт шуда, лекин Хадамоти гумрук танҳо рӯзи 20 апрел дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод. “Рӯзи 20 март зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», аломати […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати гумруки вилояти Суғд қочоқбареро боздошт намуданд, ки мехост аз Қирғизистон зиёда аз 2,7 тонна маводи дорувории тиббиро интиқол диҳад. Ӯ ҳанӯз як моҳ пеш боздошт шуда, лекин Хадамоти гумрук танҳо рӯзи 20 апрел дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook хабар дод.

“Рӯзи 20 март зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», аломати қайди давлатиаш 28-84 МК/02, таҳти идораи сокини Хуҷанд Мубинҷон Бурҳонов маводи гуногуни дорувории истеҳсоли Русия аз қабили «Кларитромицин CP», «Каптоприл», «Протозидим», «Метформин», «Ципрофлоксацин» дарёфт шуд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, маълум шуд, ки маводи дорувории тиббӣ тариқи қочоқ аз Қирғизистон интиқол дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд барои ин маҳсулот ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқкунандаи қонунӣ будани интиқолро пешниҳод накардаааст.

“Дар натиҷаи таҳлилу ташхис маълум гардид, ки маводи дорувориҳо ба талаботҳои меъёрҳои стандарти ҷавобгӯй буда, вале дорои сертификати мутобиқати сифат набуда, арзиши умумии маводи дорувориҳои боздоштгардида, аз 654 089 сомонӣ то 732 422 сомониро ташкил медиҳанд”, – омадааст дар хабар.

Нисбати боздоштшуда бар мутобиқи моддаи 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – “Контрабанда (қочоқ)” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.