Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст

Дар шаҳри Душанбе М.Ҳ.-и сездаҳсола аз ошёнаи 16-уми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Сино худро ба зер партофта, даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади наврас рӯзи 21-уми апрел бидуни нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо шудааст. Тибқи маълумоти РВКД Душанбе ва таҳлили сабтҳои […]

Дар шаҳри Душанбе М.Ҳ.-и сездаҳсола аз ошёнаи 16-уми бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Сино худро ба зер партофта, даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади наврас рӯзи 21-уми апрел бидуни нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо шудааст. Тибқи маълумоти РВКД Душанбе ва таҳлили сабтҳои видеоии дурбинҳои назоратӣ, марги наврас худкушӣ будааст.

“Тафтишот ва камераҳои назоратӣ нишон дод, ки ноболиғ худро аз ошёнаи 16-ум ба замин партофта, даст ба худкушӣ задааст”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Пулиси пойтахт ба далели он ки феълан таҳқиқи ҳодиса идома дорад, аз шарҳи бештар дар ин бора худдорӣ кард.

М.Ҳ. хонандаи синфи 7-уми мактаби миёнаи рақами 78-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар микрорайони 65-и ноҳияи Фирдавсӣ буд.

Як манбаъ аз ин мактаб, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки Масрур хонандаи ором ва фаъол буда, бо омӯзгорону ҳамсинфон ҳеҷ мушкиле надошт.

“Ӯ бачаи хеле ором ва шогирди фаъол буд. Мо ҳеҷ гоҳ бо ӯ мушкил надоштем ва ҳоло ҳама омӯзгорон дар ҳолати шок ҳастанд ва сабабҳои ин ҳодисаро фаҳмидан мехоҳанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Раёсати ВКД дар Душанбе низ  паҳн шудани овозаҳои бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи рабудани кӯдак ва гирифтани узвҳои ӯ, ки бе сабабҳои узрнок нашр шудаанд, беасос номид.

Пас аз санҷиш муайян шудааст, ки ин маълумот тавассути мессенҷери WhatsApp аз ҷониби як гурӯҳи шаҳрвандон Х. А. ва Ф. Б. байни хешовандон ва волидони хонандагони мактабҳо паҳн гардида, сару садоҳои зиёде ба бор овардааст.

Гуфта мешавад, ки барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои интернет нисбат ба ин шахсон тибқи талаботи моддаи 374-и замимаи 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд.

Тибқи ин модда барои шахсони воқеӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ҳоло 1 нишондиҳанда 72 сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.