Огоҳии КҲФ аз обуҳавои номусоиди рӯзҳои наздик

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои оянда дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар аст. Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-5 май дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд. Ба иттилои […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои оянда дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар аст.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-5 май дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус навоҳии Хуросон ва Ёвон, ҳамчунин ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ боронҳои шадид меборанд.

Ба иттилои манбаъ, дар як қатор ноҳияҳо эҳтимоли раъду барқ, шиддат гирифтани шамол бо суръати 15-20 м/с вуҷуд дорад. 

“Рӯзи 3 май дар як қатор ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва 4-5 май дар аксар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, навоҳии кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои ҷудогонаи вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), ҳамчунин қаламрави ноҳияи Дарвоз омадани селҳо дар назар дошта шудааст”, – омадааст дар хабари Кумита.

Рӯзҳои 4-5 май бар асари боронҳои пуршиддат баланд шудани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, эҳтимол дорад. 

Дар робита ба ин, Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат намуда, хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ, сайру гашт дар қаламрави кишвар худдорӣ намоянд. Ба кӯҳу доманакӯҳҳо ба ҷамъоварии занбурӯғҳо, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, шикор, чорвочаронӣ ва моҳидорӣ ба соҳили обҳо нараванд.

“Ҳамчунин ба сокинон деҳот тавсия дода мешавад, ки телефонҳои мобилии худро ҳамеша омода нигоҳ доранд, дар ҳоли рух додани ин ё он ҳалати фавқулодда барои кумак муроҷиат кунанд”, – зикр мешавад дар хабар.

Барои пешгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, ба хусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагоне, ки мошинҳои шишаи сиёҳ доранд, даъват мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд карда, ҳамаи қоидаҳои ҳаракати дар роҳ, бахусус суръати ҳаракат риоя намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.