Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад

Вазъи саломатии Олимҷон Абдуллоев, омӯзгоре, ки ба иттилои мақомоти тоҷик дирӯз, 7-уми май, дар пайи муноқишаи навбатӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз пояш захм бардошта, бистарии беморхона гардид, муътадил арзёбӣ мешавад. Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, минтақае, ки муаллим Олимҷон Абдуллоев иқомат дорад, ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ӯ гуфт, “муаллим зери назорати духтурон […]

Asia-Plus

Вазъи саломатии Олимҷон Абдуллоев, омӯзгоре, ки ба иттилои мақомоти тоҷик дирӯз, 7-уми май, дар пайи муноқишаи навбатӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз пояш захм бардошта, бистарии беморхона гардид, муътадил арзёбӣ мешавад.

Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов, минтақае, ки муаллим Олимҷон Абдуллоев иқомат дорад, ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, “муаллим зери назорати духтурон аст ва табобат мегирад. Ваъи ӯ муътадил аст ва ба иттилоъ духтурон, эҳтимол пагоҳ ба хонааш рухсат шавад”.

Кӯшишҳои мо барои суҳбат бо худи муаллим ва наздикони ӯ бесамар анҷомид. Духтурони беморхонае, ки Олимҷон Абдуллоев бистарӣ аст, низ аз суҳбат бо мо худдорӣ карданд.

Ёдоҷвар мешавем, ки дирӯз, 7-уми май, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронии навбатӣ рух дод ва мақомоти расмии ду кишвар ҳодисаро ба таври гуногун шарҳ доданд.

Ба гуфтаи КДАМ-и Тоҷикистон, ин ҳодиса тахминан соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон рух дод ва марзбонони Қирғизистон ба сӯи Олимҷон Абдуллоев тир паронидаанд. Аммо ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки сарбозонаш ба сӯи ҳаво тири ҳушдордиҳанда паронидаанд.

Ҷузъиёти ин ҳодисаро дар матлаби “Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.