Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид

Рӯзи 11‑уми май дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” ҷамъбаст гардид ва ғолибон муайян шуданд. Шоҳҷоизаи озмуни “Оилаи намунавӣ”‑ро оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба даст овард. “Азия‑Плюс” бо хонаводаи Оқилбой Гадоев ҳамсӯҳбат шуд ва аз рафти озмун, ҳиссиёти онҳо ва ҳаёту фаъолияти ин хонавода маълумот ба даст овард. Оқилбой Гадоев […]

Шаҳноз Ализода, махсус барои Asia-Plus

Рӯзи 11‑уми май дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” ҷамъбаст гардид ва ғолибон муайян шуданд. Шоҳҷоизаи озмуни “Оилаи намунавӣ”‑ро оилаи Оқилбой Гадоев аз шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба даст овард.

“Азия‑Плюс” бо хонаводаи Оқилбой Гадоев ҳамсӯҳбат шуд ва аз рафти озмун, ҳиссиёти онҳо ва ҳаёту фаъолияти ин хонавода маълумот ба даст овард.

Оқилбой Гадоев ва ҳамсараш Чевар Муродова 41 сол пеш бо ҳамдигар издивоҷ кардаанд. Онҳо соҳиби чаҳор фарзанд ва нӯҳ набера мебошанд. Ҳардуяшон омӯзгор ҳастанд.

Оқилбой Гадоев 41 сол аст, ки ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба толибилмон дарс мегӯяд. Ӯ  дар зикр кард, ки бо маоши омӯзгорӣ чаҳор фарзанди худро соҳибмаълумот кардааст ва ҳар кадоме дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо кардаанд.

“Яке аз шартҳои озмун ин сафарбаркунии фарзандон ба хидмати ҳарбӣ буд. Ҳар се писарам баъди хатми донишгоҳ бо тавсияи мо ба хидмати ҳарбӣ рафтанд.  Баъди адои хидмат онҳоро хонадор кардем, ки арӯсҳоямон низ ҳамаашон маълумоти олӣ доранд”, ‑ гуфт ӯ.

Оқилбой Гадоев мегӯяд, ки барои иштирок дар озмуни “Оилаи намунавӣ” маълумотнома дар бораи аҳли оила, дипломҳои аҳли хонавода, шаҳодатномаи хидмати ҳарбии худу фарзандон, ҳуҷҷатҳо дар хусуси иштирок дар озмунҳои ҷумҳуривӣ, диплому ҷоизаҳои бадастовардаи аъзои хонавода ва ғайраро пешниҳод намудааст. Дар идома ҳайати коммисия бо онҳо ҳамсӯҳбат шудаанд ва  асоснокии ҳуҷҷатҳояшонро санҷидаанд.

Оқилбой Гадоев ва ду фарзандаш дар озмуни ҷумҳуривии “Фӯрӯғи субҳи доноӣ” дар солҳои 2022‑2023 иштирок карда ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд.

“Бурди шоҳҷоизаро интизор набудем, ҳисси ғолибият аҷиб аст. Вақте суханро ба ман доданд, аз ҳаяҷони зиёд чӣ гуфтанамро надонистам”, ‑ гуфт Оқилбой Гадоев.

Бо ғолибони озмун туҳфаи хотирмон ва диплом аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила, ки ташкилкунандаи озмун аст, тақдим гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ”  дар се марҳила шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Ҳамчунин, ба иттилои АМИТ “Ховар” ҷойи якум ба оилаи Талабхӯҷа Нозимов аз шаҳри Кӯлоб, ҷойи дуюм ба оилаи Саидаҳмад Шеров аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва оилаи Шоин Мастонов аз ноҳияи Роштақалъаи ВМКБ насиб гардидааст.

Ғолиби мақоми сеюм хонаводаи Муқимҷон Гиёев аз ноҳияи Рашт, оилаи Ҳабибулло Султонов аз ноҳияи Рӯдакӣ ва Бобоназар Мирзоев аз ноҳияи Файзобод мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки ғолибон аз рӯйи низомномаи зеррин муайян шуданд:

– солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ;

– тарбияи дурусти фарзандон;

– саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла, деҳот ва ҷамоат;

– нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ;

– шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон;

– забондонӣ ва иштироки фарзандон дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;

– ҷалби фарзандон ба хизмати ҳарбӣ;

– ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа.

Дар анҷоми маросими ҷоизасупории озмуни “Оилаи намунавӣ” барномаи фарҳангӣ бо иштироки аҳли санъат ва ҳунар баргузор гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.