Тағйироти кадрӣ: писари Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифа рафт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як амр Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифаи мушовири калони раисҷумҳур оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод кард. Сабаби ин барканорӣ “ба кори дигар гузаштан” зикр мешавад, вале то ба ҳол кори нави Амирҷон Маҳмадсаид маълум нест. Ӯ фарзанди дуввуми шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев. Амирҷон Маҳмадсаид […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як амр Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид, писари Маҳмадсаид Убайдуллоевро аз вазифаи мушовири калони раисҷумҳур оид ба масъалаҳои иқтисодӣ озод кард.

Сабаби ин барканорӣ “ба кори дигар гузаштан” зикр мешавад, вале то ба ҳол кори нави Амирҷон Маҳмадсаид маълум нест.

Ӯ фарзанди дуввуми шаҳрдори собиқи Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Амирҷон Маҳмадсаид қаблан дар Вазорати молияи Тоҷикистон кор мекард. Ӯ моҳи августи соли 2011 намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул таъйин шуд.

Баъдан Амирҷон Маҳмадсаид дар вазифаи сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард ва соли 2019 ба вазифаи мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъин гардид.

Ғайр аз ин, имрӯз бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, Умед Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати навбатӣ таъин карда шуд.

Умед Бобозода аз соли 2019 то инҷониб дар ин вазифа кор мекунад.

Ӯ дар гузашта 5 сол дар вазифаи мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ фаъолият кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.