Муҳлати таътили мактабхонҳо дар Тоҷикистон кам карда шуд

Аз ин ба баъд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар давраи таътили зимистона ва тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат карда, таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз давом мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ аз ҳисоби зиёд шудани таътили тобистона кам карда мешаванд. […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз ин ба баъд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар давраи таътили зимистона ва тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат карда, таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз давом мекунад.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ аз ҳисоби зиёд шудани таътили тобистона кам карда мешаванд.

Тавре ки дар Вазорат шарҳ доданд, қаблан мактабхонҳои Тоҷикистон ҳангоми таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март.

Акнун бо кам шудани рӯзҳои истироҳат таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона – аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ – аз 21 то 26 март давом мекунанд.

“Бо назардошти тағйирот, ҳафтаҳои дарсӣ аз 36 то 35 ҳафта кам шуда, дар ҳамин ҳол, чоряки чорум на 14 июн ба мисли пешин, балки 31 май ба охир мерасад ва мутаносибан таътили тобистона аз 1 июн оғоз гардида, то 31 август давом мекунад”, – гуфтанд дар Вазорат.

Дар робита ба хонандагони синфи якум бошад, оно 34 ҳафта дарс хонда, машғулият барои онҳо рӯзи 25 май ба охир мерасад.

“Сарфи назар аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, дарсҳо дар синфҳои 1-уми мактабҳои таҳсилоти миёна 25 май ва дар синфҳои 2-11-ум – 1 июн ба охир мерасанд”, – зикр карданд дар ин ниҳод.

Зимнан зикр гардид, ки имтиҳонҳо дар мактабҳо дар давраи аз 3 то 19 июн гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.