Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд

Ҳадди ақалл дар ҳашт кишвари ҷаҳон, бо шумули Эрон дар робита ба садамаи чархболи президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ мотам эълон шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. Бино ба маълумот ТАСС, ин кишварҳо Ҳиндустон, Ироқ, Лубнон, Покистон, Сурия ва Туркия мебошанд. “Дар аксари кишварҳо мотами якрӯза эълон шуда, танҳо дар Сурия […]

Asia-Plus

Ҳадди ақалл дар ҳашт кишвари ҷаҳон, бо шумули Эрон дар робита ба садамаи чархболи президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯ мотам эълон шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Бино ба маълумот ТАСС, ин кишварҳо Ҳиндустон, Ироқ, Лубнон, Покистон, Сурия ва Туркия мебошанд.

“Дар аксари кишварҳо мотами якрӯза эълон шуда, танҳо дар Сурия ва Лубнон  он ба муддати се рӯз ва Тоҷикистон – ду рӯз давом мекунад. Дар худи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзҳои мотам панҷ рӯз эълон шудааст”, – хабар медиҳад ТАСС.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ба ҳамаи шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ танҳо дастур дода шудааст, ки дар муддати ду рӯз аз намоиши барномаҳои фароғатӣ худдорӣ кунанд. Чунин қарор аз ҷониби Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ қабул шудааст, хабар додааст ба Sputnik Тоҷикистон раиси Кумита Нуриддин Саид.

“"Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо Эрон аст", – гуфтааст Нуриддин Саид.

Дар Тоҷикистон дар бораи мотам расман хабар дода нашудааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати баландпояи ҳамроҳаш дар пайи суқути чархбол ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раис ҷумҳури Эрон барқияи тасаллӣ ирсол кард.

“Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”, – омадааст дар барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин дар ин робита Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе ба Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

“Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам”, – зикр мегардад дар барқияи Рустами Эмомалӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.