Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати баландпояи ҳамроҳаш дар пайи суқути чархбол ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раис ҷумҳури Эрон барқияи тасаллӣ ирсол кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад. Президенти Тоҷикистон гуфтааст, хабари […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайи ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати баландпояи ҳамроҳаш дар пайи суқути чархбол ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раис ҷумҳури Эрон барқияи тасаллӣ ирсол кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Президенти Тоҷикистон гуфтааст, хабари даргузашти фоҷеавии Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони тамоми мардуми Тоҷикистон гардидааст.

“Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем”, – омадааст дар барқияи тасаллии Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин талафоти бузург ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, Муҳаммад Мухбир ва мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимӣ иброз кардааст.

“Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам”, – омадааст дар барқия.

Ӯ гуфтааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем”.

Ёдовар мешавем, ки чархболи раиси ҷумҳур Саидиброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд.

Бо гузашти як рӯз, Мӯҳсин Мансурӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон расман тасдиқ кард, ки Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.