Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И рӯзи 18 май Чинро яке аз шарикони бузурги кишвар дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ номид. Ӯ изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ван И дар доираи сафар […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои хориҷии Чин Ван И рӯзи 18 май Чинро яке аз шарикони бузурги кишвар дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ номид.

Ӯ изҳор намуд, ки ҳаҷми умумии сармояи чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳ соли охир 3,8 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ван И дар доираи сафар ба минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон боздид намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин рафти омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯъи раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро ба минтақа баррасӣ кард. Дар бораи вақти сафар хабар дода намешавад.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар рафти вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон ва Ван И вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар ва масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюли афзояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки “мо ҷонибдори идомаи тақвияту густариши чунин анъанаҳои ҷавобгӯ ба манфиатҳои бунёдии мардумони ду кишвар ҳастем”.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ густариши робитаҳо дар соҳаҳои саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ муҳокима гардид.

“Дар ин зимн, алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба роҳандозии ҳамкории фаъол бо Чин оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки марбут ба “иқтисоди сабз”, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва истеҳсолот дар Тоҷикистон бо истифода аз “технологияҳои сабз” таъкид карда шуд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамзамон, табодули афкор доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, пеш аз ҳама дар масъалаҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, сурат гирифт.

Қобили зикр аст, ки айни замон аксари лоиҳаҳои бузург дар Тоҷикистон – аз сохтмон ва таъмиру навсозии роҳу пул ва нақбҳо то истихроҷ ва коркарди захираҳои минералӣ бо дастгирии Чин амалӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.