Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард

Имрӯз, 20-уми майи соли 2024, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар робита ба марги Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ба Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдори Душанбе иттилоъ дод. Дар барқияи Рустами Эмомалӣ аз […]

Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми майи соли 2024, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар робита ба марги Саидиброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, ба Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдори Душанбе иттилоъ дод.

Дар барқияи Рустами Эмомалӣ аз ҷумла гуфта мешавад, ки “хабари суқути чархбол ва даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидиброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, ҳамроҳони онҳо ва ҳайати сарнишинон боиси андуҳи амиқи мо гардид”.

“Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам”, – зикр мегардад дар барқия.

Пештар аз ин, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар робита ба ҳалокати Сайидиброҳим Раисӣ ба Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раис ҷумҳури Эрон барқияи тасаллӣ ирсол карда буд.

Ёдовар мешавем, ки чархболи раиси ҷумҳур Саидиброҳим Раисӣ як рӯз пеш, 19-уми май дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар наздикии марзи Эрон бо Озарбойҷон суқут кард. Дарҳол бо ҷалби наҷотдиҳандагони Ҳилоли Аҳмар, низомиён ва пулис амалиёти густурдаи ҷустуҷӯӣ оғоз шуд.

Бо гузашти як рӯз, Мӯҳсин Мансурӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон расман тасдиқ кард, ки Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки бо чархбол чӣ шудааст. Хабаргузориҳои Эрон мегӯянд, ки чархбол шояд дар тумани ғафс дар шимолу шарқи кишвар ба мушкил рӯбарӯ шудааст.

Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон, дар марз бо Озарбойҷон бармегашт. Дар он ҷо ҳамроҳ бо раиси ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанди дарёи Аракс ширкат дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.