“Хандасарой” – и Холиқназар Ҷумъазода чоп шуд

Date:

Китоби нави Холиқназар Ҷумъазода, рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис зери унвони “Хандасарой” аз чоп баромад, ки фарогири латифаву шӯхиҳо ва хотираҳои шавқовари нависанда аз пирони зодгоҳаш аст.

Муаллифи китоб ангезаи иншои асарро дар суӯбат ба “Asia-Plus” шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв номид.

“Бо пешкаш намудани китоби “Хандасарой” барои шикастани ташнагии дӯстдорони ҳаҷв “ретсепт”-и нав пешниҳод мекунам ва боварӣ дорам, ки бо ин тарзи табобат зиндагии дӯстдорони ханда хушу умрашон боз ҳам дарозтар мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Бояд гуфт, ки Холиқназар Ҷумъазода аъзои Иттифоқҳои журналистон ва нависандагони Тоҷикистон буда, эҷодиёти ӯро асосан лутфу ҳозирҷавобии дӯстон ва шахсиятҳои шинохта, хушгӯиҳои одамони шӯху ҳозирҷавоб, муносибати ҷолиби устоди шогирд ва дигар танзу шӯхиҳо ташкил медиҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдовар мешавем, ки қаблан китобҳои дигари Холиқназар Ҷумъазода, бо номҳои “Парандаҳои муҳоҷир” (соли 2013), “Биё, ки фолат бинам” (2021) ва “Ашкҳои зери борон” (2022) нашр гардида буданд.

Соли 2021 китоби ҳаҷвии “Биё, ки фолат бинам”-и ин нависанда дар озмуни “Китоби сол”, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад, дар номинатсияи наср китоби сол эълон шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...