Сабтиноми номзадҳо ба охир расид. 80 нафар ҳамчун довталаби курсии президентӣ дар Эрон номнавис шуданд

Дирӯз, 3-юми июн, сабтиноми довталабҳо барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ба анҷом расид. Дар  маҷмуъ, 80 нафар расман барои довталаб ба курсии раисҷумҳури ин кишвар сабтином шудаанд, ки аз миёни онҳо 4 зан низ ҳастанд. Дар ин бора “Тасним” хабар медиҳад. Аз шинохтатарин чеҳраҳое, ки дар ду рӯзи охир барои рақобат дар […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, махсус барои "Asia-Plus"

Дирӯз, 3-юми июн, сабтиноми довталабҳо барои иштирок дар интихоботи зудҳангоми раёсатҷумҳурӣ дар Эрон ба анҷом расид. Дар  маҷмуъ, 80 нафар расман барои довталаб ба курсии раисҷумҳури ин кишвар сабтином шудаанд, ки аз миёни онҳо 4 зан низ ҳастанд. Дар ин бора “Тасним” хабар медиҳад.

Аз шинохтатарин чеҳраҳое, ки дар ду рӯзи охир барои рақобат дар интихобот сабтином гардиданд, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар Эрон ва Маҳмуд Аҳмадинажод, расиҷумҳури собиқи Эрон мебошанд. Аҳмадинажод аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд.

Ӯ дар интихоботи президентии солҳои 2017 ва 2021 низ сабти ном шуда буд, вале Шӯрои нигаҳбони Конститутсияи Эрон номзадии ӯро барои ширкат дар интихобот тасдиқ накарда буд.

Сабтином барои ширкат дар интихоботи зудҳангом дар Эрон рӯзи 30-юми май оғоз гардида, то асри дирӯз давом кард. Танҳо рӯзи 3-юми июн 43 нафар расман сабти ном шуданд, ки дар байнашон 3 зан низ ҳаст.

Муҳаммадтақӣ Шоҳчароғӣ, раиси ситоди интихоботи Эрон, дар поёни рӯзи охирони номнависӣ ба интихобот гуфтааст, ки дар умум дар тайи 5 рӯзи гузашта, 278 нафар барои иштирок дар интихобот муроҷиат карданд, ки аз ин миён 80 нафар сабтином гардидаанд.

Рӯйхати ниҳоии номзадҳо ба мақоми президентии Эронро рӯзи 11-уми июн Шӯрои нигаҳбони Конститутсия, ки аъзои ӯ таъйин ё аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари рӯҳонии ин кишвар тасдиқ мешавад, нашр хоҳад шуд.

Баъд аз ин давоми ду ҳафта – аз 12 то 26 июн мумкин аст, ки таблиғоти интихоботӣ баргузор гардад. Интихоботи раиси ҷумҳур рӯзи 28-уми июн доир мегардад. Агар зарурат ба миён ояд, даври дуввуми интихобот 5-уми июл барпо мегардад.

Интихоботи зудҳангом дар Эрон баъди он ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар дар пайи сонеҳаи чархбол ба ҳалокат расид, баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.