“Наҷотдиҳандагон дер омаданд”. Шикояти наздикони падару писари дар “канализатсия”-и Бохтар фавтида ба додситонӣ

Пайвандони падару писаре, ки дар шаҳри Бохтар баъди ворид шудан ба қубури ахлот фавтида буданд, барои хунукназарӣ ва беомодагӣ омадан ба ҷои ҳодиса аз болои масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар вилояти Хатлон ба додситонии вилоят шикоят кардаанд. Вале КҲФ мегӯяд, дар ин ҳодиса хунукназарӣ ҷой надошт ва наҷотдиҳандагон бо омодагӣ ба ҷои ҳодиса рафтаанд. Ин […]

Пайвандони падару писаре, ки дар шаҳри Бохтар баъди ворид шудан ба қубури ахлот фавтида буданд, барои хунукназарӣ ва беомодагӣ омадан ба ҷои ҳодиса аз болои масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар вилояти Хатлон ба додситонии вилоят шикоят кардаанд. Вале КҲФ мегӯяд, дар ин ҳодиса хунукназарӣ ҷой надошт ва наҷотдиҳандагон бо омодагӣ ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Ин ҳодиса бегоҳии рӯзи 24 май кӯчаи Низомии шаҳри Бохтар рух дода, дар пайи он 2 истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар – Бахтиёр Баҳриддинови 53-сола ва писараш Парвиз Баҳриддинови 33-сола ҳалок шуданд.

Рӯзноманигор Мавлуда Гулова аз Манзура Баҳриддинова, хоҳари Бахтиёр Баҳриддинов сӯҳбат карда, ҷузъиёти ин ҳодисаро оммавӣ сохт.

 

Писар барои наҷоти падар ба қубур даромада, ҷон дод

Ба гуфтаи Манзура Баҳриддинова, сабаби дохилии қубур даромадани бародар ва додарзодааш баста шудани роҳи қубурҳои ҳоҷатхона ва бепарвоии масъулини КҲФ дар вилоят буд.

“…роҳи қубурҳои ташноб дар хона банд шуданд ва ифлоси то ба берун баромада, аҳли хонаводаро нороҳат кард. Бародарам ба КДФ “Обтаъминкуни ва канализатсия”-и шаҳри Бохтар занг зад, вале онҳо “баъд аз се рӯз меоем” гуфтаанд. Бародарам интизор нашуд, зеро то се рӯз ҳол бадтар ва хона комилан ифлос  мешуд. Рӯзи дигар бародарам Бахтиёр Баҳриддинов бо мақсади тоза кардани қубур ва кушодани роҳи обгузар дохил шуд ва пас аз дақиқае пояш лағжиду дохили қубур афтод”,-нақл кардааст Манзура Баҳриддинова.

Ӯ афзудааст, Парвиз Баҳриддинов, ҳангоме дид, ки падараш ба дохили қубур афтод, барои наҷаташ бо банд дохили он шуд, вале ресмон аз байн канда шуд ва ӯ ҳам ба қаъри шашметрии қубур афтид.

“Доду вой якбора баланд шуд ва одамони зиёд ҷамъ омаданд. Падару модари пирам гирди ин қубур парвона шуда буданд. Фиғон мезаданд, кӯмак кунед мегуфтанд, вале дигар касе ҷуръати дохили қубур шуданро намекард. То чанд муддат мо почакзадани писари бародарамро дидем ва ин нишони зинда буданаш буд”, – гуфтааст Баҳриддинова.

 

“Масъулини КФҲ хунукназарӣ карданд”. Шикоят ба додситонӣ

Манзура Баҳриддинова ба КҲФ Тоҷикистон ва пасон ба намояндагии КҲФ дар Хатлон занг зада, аз қазияи рухдода хабар додааст. Номбурда мегӯяд, ки “гурӯҳи зудамали Ҳолатҳои фавқулода баъд аз 20 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расид, вале бе омодагӣ ва бе ҳеҷ як ашёҳои наҷотдиҳӣ”.

Ба гуфтаи ӯ, як корманди КҲФ бе ниқоб ва либоси махсус дохили қубур шуда, вале дақиқае нагузашта  фарёд задааст, ки “гиред маро, ин ҷо бе ниқоб ва либоси махсус нафасгир шудам. Гурӯҳи дуюм пас аз як соат расиду ҷасади бародарам ва писарашро бароварданд”.

Манзура Баҳриддинова “аз хунукназарии гурӯҳи наҷотдиҳандагон ва масъулини Раёсат” ба додситонии вилояти Хатлон шикоят кардааст.

Ӯ мегӯяд, “ҳарчанд шикояти мо бародарам ва писари ӯро барнамегардонад, вале мехоҳам, ки ин сабаб шаваду дар оянда наҷотдиҳандагон масъулияти бештар ҳис кунанд, то ҳеҷ оила дигар пайвандонашонро аз даст надиҳанд”.

 

“Саривақт ва бо омодагӣ рафта буданд”. Вокуниши КФҲ

Дар ҳамин ҳол, КҲФ бо нашри як вокуниш ба матлаби рӯзноманигор Мавлуда Гулова навиштааст, ки “то воридшавии занг барои имдод, ду шаҳрванд аллакай фавтида буданд”.

КҲФ “беомодагӣ ба ҷои ҳодиса рафтани наҷотдиҳандагон” рад кардааст ва дар вокуниш навиштааст, ки “наҷотдиҳандагон иборат 8-нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд”.

Ин ниҳод гуфтааст, "…падару писар бе доштани малакаи касбӣ ва либосу таҷҳизоти махсус дохили чоҳ шуданд ва сабаби асосии марги онҳо ин риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ мебошад".

Қаблан, ин ниҳод дар бораи марги падару писар аз бӯи гази метани хориҷшуда дар чоҳи ахлот дар Бохтар хабар дода, гуфта буд, ки Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ҷасади падару писарро берун оварданд ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳодисаи фавт аз дохили қубур ё "канализатсия" дар кишвар нав нест. Қаблан, дар шаҳри Панҷакент 7 корманди манзилию комуналии шаҳр, ки барои санҷиши қубурҳо рафта буданд,  ба ҳалокат расиданд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.