Коршиносон: талабот ба об дар Осиёи Марказӣ зиёд мешавад

Дар Душанбе чанде пеш Форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, ки дар доираи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид, ба анҷом расид. Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш доир ба масоили об чунин изҳори назар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Душанбе чанде пеш Форуми минтақавии созмонҳои ҳавзавӣ, ки дар доираи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар пойтахти Тоҷикистон доир гардид, ба анҷом расид.

Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш доир ба масоили об чунин изҳори назар кардааст:

“Минтақаи Осиёи Марказӣ бо суръати баланд рушд мекунад. Масалан, дар Тоҷикистон давоми 30 сол аҳолӣ ду баробар зиёд шудааст. Мо 5 миллион будем, ҳоло 10 миллион шудем. Талабот ба об низ ҳамчунин меафзояд. Мо метавонем неругоҳҳои барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ бунёд кунем, аммо дарёи нав сохта наметавонем, – иброз доштааст ӯ.

– Ҳамаи мо мефаҳмем, ки об дар ин тараққиёт нақши калидӣ дорад. Мутаассифона, мушкилоти зиёде вобаста ба об вуҷуд доранд, яке аз онҳо, ки ҳоло ҳамаи мо онро эҳсос мекунем- ин тағйирёбии иқлим аст”.

Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқот нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим ба 84% захираҳои об дар Осиёи Марказӣ ва 76% – дар саросари ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад”.

“Ҳамаи ин ба Ҳадафҳои рушди устувор таъсир мерасонанд, ки барои ноил шудан ба онҳо мо бояд кӯшишҳоямонро беш аз 4 маротиба пурзӯр кунем. Барои ин абзори устувор дар сатҳҳои гуногун ва тасмимҳои фаврӣ зарур ҳастанд”, – таъкид доштааст муовини вазир.

Роҳбари барномаи “Осиёи Марказии сабз”-и Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ) Каролина Милов дар суханрониаш зикр кардааст, ки “барои баррасӣ ва роҳандзии тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти экологӣ 10-15 сол боқӣ мондааст”.

“Чунин чорабинии муштарак ба тақвияти ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Шӯроҳои созмонҳои ҳавзавӣ бештар гирдиҳам омада, ҷомеа дар ҳалли мушкилот саҳм мегузорад. Зина ба зина мо ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем шуд”, – иброз доштааст ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, чорабиниҳо ва тадбирҳои қаблан баргузоршуда баҳри даст ёфтан ба баъзе тағйирот имкон доданд.

“Баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳо имконоти мутахассисон дар соҳаи идоракунии захираҳои об такмил ёфта, қарорҳои бештар асоснок ва муассир қабул мешаванд, – гуфтааст ӯ. – Ҳамчунин бахши хусусӣ ҷалб шуда, ҳуқуқ ва имконоти занону ҷавонон ва намояндагони аз лиҳози иҷтимоӣ беҳимоя тавсеъа меёбад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.