Ҳалокати қариб 800 нафар дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон

Date:

Зиёда аз 300 нафари ҷонбохтагон ноболиғони то 16-сола будаанд.

Ғарқшавии сокинон дар кӯлу дарёҳо яке аз мушкилҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад ва боз ҳам ташвишовартар ин аст, ки беш аз 30 дарсади ҷонбохтагон ноболиғони то 16-сола мебошанд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании кишвар ба ОИ “Азия-Плюс” хабар доданд, ки бештари шаҳрвандон дар ҷойҳои бидуни шароити мусоид ва мамнӯъ оббозӣ мекунанд ва ғарқ мешаванд. Сабаби ҳалокати теъдоди зиёди кӯдакон беназорат гузоштани онҳо ва шиноварӣ натавонистан будааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ, дар дарёву обанборҳои кишвар 50 нафар ҷон бохтаанд, ки 20 нафари онҳо кӯдакону наврасон мебошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳалокати сокинон дар кӯлу дарёҳо давоми панҷ соли охир (2019-2023)

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар умум, давоми панҷ сол (2019-2023) дар кӯлу дарёҳои кишвар бо шумули кӯдакону наврасон 747 нафар  ғарқ шудаанд.

Бо қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар ин матлаб шинос шавед.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро ба андешидани чораҳои эҳтиётӣ, риояи қоидаҳои бехатари ҳангоми оббозӣ ва пешгирӣ аз амалҳои хатарнок барои пешгирӣ аз фоҷиа даъват мекунад. Аммо омор бозгӯи он аст, ки на ҳамеша тавсияҳо шунида ва ба назар гирифта мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...