Ҳафтаи оянда тоҷикистониён 4 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд

Date:

Ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 27 июн таҷлил мегардад, реҷаи рӯзҳои корӣ тағйир ёфта, ин рӯз (панҷшанбе) рӯзи истироҳат шуморида мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи иттифооқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд, аз ин рӯ, барои пайдарҳам истироҳат кардани сокинони кишвар рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, яъне 22 июн (шанбе) рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъаи ҳафтаи оянда (28 июн) рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Ба ин тариқ, ҳафтаи оянда сокинони Тоҷикистон 4 рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд – аз рӯзи панҷшанбе то рӯзи душанбе, яъне рӯзҳои 27, 28, 29 ва 30 июн.

“Ин тасмим барои он гирифта шуд, ки сокинони кишвар байни рӯзи ид ва истироҳатҳо як рӯз ба кор набароянд”, – зикр кард манбаъ.

Қобили зикр аст, ки дар моҳи июни соли 2024 бо назардошти Иди Қурбон, ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ва рӯзҳои истироҳати муқаррарӣ, сокинони Тоҷикистон ба сурати умум 12 рӯз истироҳат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...