Дар UFC Saudi Arabia Муҳаммад Наимов бо размикори бразилиягӣ ба майдон мебарояд

Date:

Размикор аз Бразилия Фелипе Лима бо UFC қарордод ба имзо расонида, муқобили намояндаи Тоҷикистон Муҳаммад Наимов ба майдон мебарояд.

Лима – қаҳрамони Oktagon MMA дар вазни сабуктарин аст. Тавре ки портали Sports.tj хабар медиҳад, қувваозмоӣ рӯзи 22 июн дар доираи мусобиқаи UFC Saudi Arabia (UFC on ABC 6) баргузор мешавад.

Дар аввал ин рақобат бояд байни намояндаи Тоҷикистон Муҳаммад Наимов ва размикори амрикоии арманитабор Мелсик Багдасарян баргузор мешуд. Аммо баъдтар Багдасарян дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар давраи омодагӣ ҷароҳат бардошта, аз ин рӯ, аз иштирок дар мусобиқа даст мекашад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Барои дастгирии Муҳаммад падараш ҳам ба Арабистони Саудӣ омадааст

Рақобати охиринро Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC рӯзи 25 феврали соли 2024 дар Мехико гузаронида, хеле зуд бар Эрик Силва аз Венесуэла дастболо шуд. Ӯ ҳамагӣ 11 ғалаба ва 2 бохт дорад.

Лимаи 26-сола бори охир моҳи июли соли 2023 дар мусобиқаи Oktagon 45: Special рақобат карда, бо қарори якдилонаи ҳакамон бар Йонас Магард дастболо шуд. Ӯ ҳамагӣ 12 ғалаба ва 1 бохт дорад.

Рӯйдоди асосии ин чорабинӣ қувваозмоӣ байни Роберт Уиттакер ва Хамзат Чимаев маҳсуб меёфт, лекин Чимаев бо сабаби мушкилоти вобаста ба вазъи солимиаш, иштирок дар мусобиқаро рад кард. Ӯро Икром Алискеров иваз мекунад.

Дар доираи нахустин дар таърих мусобиқаи UFC дар Арабистони Саудӣ мухлисон ҳамчунин шоҳиди рақобати размикорон дар вазни гарон – Павлович (18-2, Русия) ва Александр Волков (37-10) хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...