Дар UFC Saudi Arabia Муҳаммад Наимов бо размикори бразилиягӣ ба майдон мебарояд

Размикор аз Бразилия Фелипе Лима бо UFC қарордод ба имзо расонида, муқобили намояндаи Тоҷикистон Муҳаммад Наимов ба майдон мебарояд. Лима – қаҳрамони Oktagon MMA дар вазни сабуктарин аст. Тавре ки портали Sports.tj хабар медиҳад, қувваозмоӣ рӯзи 22 июн дар доираи мусобиқаи UFC Saudi Arabia (UFC on ABC 6) баргузор мешавад. Дар аввал ин рақобат бояд […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Размикор аз Бразилия Фелипе Лима бо UFC қарордод ба имзо расонида, муқобили намояндаи Тоҷикистон Муҳаммад Наимов ба майдон мебарояд.

Лима – қаҳрамони Oktagon MMA дар вазни сабуктарин аст. Тавре ки портали Sports.tj хабар медиҳад, қувваозмоӣ рӯзи 22 июн дар доираи мусобиқаи UFC Saudi Arabia (UFC on ABC 6) баргузор мешавад.

Дар аввал ин рақобат бояд байни намояндаи Тоҷикистон Муҳаммад Наимов ва размикори амрикоии арманитабор Мелсик Багдасарян баргузор мешуд. Аммо баъдтар Багдасарян дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар давраи омодагӣ ҷароҳат бардошта, аз ин рӯ, аз иштирок дар мусобиқа даст мекашад.

Рақобати охиринро Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC рӯзи 25 феврали соли 2024 дар Мехико гузаронида, хеле зуд бар Эрик Силва аз Венесуэла дастболо шуд. Ӯ ҳамагӣ 11 ғалаба ва 2 бохт дорад.

Лимаи 26-сола бори охир моҳи июли соли 2023 дар мусобиқаи Oktagon 45: Special рақобат карда, бо қарори якдилонаи ҳакамон бар Йонас Магард дастболо шуд. Ӯ ҳамагӣ 12 ғалаба ва 1 бохт дорад.

Рӯйдоди асосии ин чорабинӣ қувваозмоӣ байни Роберт Уиттакер ва Хамзат Чимаев маҳсуб меёфт, лекин Чимаев бо сабаби мушкилоти вобаста ба вазъи солимиаш, иштирок дар мусобиқаро рад кард. Ӯро Икром Алискеров иваз мекунад.

Дар доираи нахустин дар таърих мусобиқаи UFC дар Арабистони Саудӣ мухлисон ҳамчунин шоҳиди рақобати размикорон дар вазни гарон – Павлович (18-2, Русия) ва Александр Волков (37-10) хоҳанд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.