Талафоти навбатӣ: дар Норак навраси 16-сола ғарқ шуд

Соати 17:40 дақиқаи рӯзи 18 июн ба қисми навбатдории Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбии наҷот дар кӯҳи хадамоти КҲФ дар шаҳри Норак хабар расид, ки дар “Кӯли ҷавонон” (Комсомольском озере)-и шаҳр як наврас ғарқ шудааст. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, маълум шудааст, ки ҳангоми истироҳат бо аҳли оила ва оббозӣ сокини 16-солаи деҳаи ба номи […]

Asia-Plus

Соати 17:40 дақиқаи рӯзи 18 июн ба қисми навбатдории Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбии наҷот дар кӯҳи хадамоти КҲФ дар шаҳри Норак хабар расид, ки дар “Кӯли ҷавонон” (Комсомольском озере)-и шаҳр як наврас ғарқ шудааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, маълум шудааст, ки ҳангоми истироҳат бо аҳли оила ва оббозӣ сокини 16-солаи деҳаи ба номи И.Шарифии ноҳияи Данғара ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, ҷасади наврасро дар ҳамдастӣ бо ғаввосони неругоҳи барқи обии “Норак” ҷустуҷӯ карданд.

“Соати 19:10 дақиқа ҷасади наврас дарёфт шуда, ба ихтиёри кормандони милитсия супурда шуд”, – хабар дод манбаъ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сабаби аслии ба вуқӯъ омадани фоҷеаҳоро оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ, риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон арзёбӣ карда, аз сокинон хоҳиш мекунад фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд. 

Бино ба маълумоти Кумита, аз аввали соли ҷорӣ то ба имрӯз дар обҳои кишвар 67 нафар ғарқ шуданд, ки 31 нафари онҳо кӯдакони синни то 16-сола мебошанд.

Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои истироҳати  ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон 3 кӯдак дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ғарқ шуданд, ки хурдтарини онҳо моҳи ноябр 2-сола мешуд. Аз ин ҳодисаҳои нохуш 2-тоаш дар ноҳияи Зафарообод ва 1-тоаш дар ноҳияи Лахш рух додааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.