Боздошти се нафар, ки тариқи телефон ва барои “табобату раҳоии пайвандон” аз сокинон пул гирифтаанд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Рустам Шарофиддинови 33-сола, Фарҳод Мамараимови 32-сола ва Амина Акобироваи 23-сола, сокинони пойтахтро боздошт карда, аз онҳо чун узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ ном будааст, ки бо расонидани хабарҳои бардурӯғ ва фиребгариву қаллобӣ аз сокинон 62 ҳазор доллар гирифтаанд. Манбаъ зикр кардааст, ки ин гурӯҳ рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Рустам Шарофиддинови 33-сола, Фарҳод Мамараимови 32-сола ва Амина Акобироваи 23-сола, сокинони пойтахтро боздошт карда, аз онҳо чун узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткорони интернетӣ ном будааст, ки бо расонидани хабарҳои бардурӯғ ва фиребгариву қаллобӣ аз сокинон 62 ҳазор доллар гирифтаанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ин гурӯҳ рақамҳои телефони мобилии шаҳрвандонро дастрас намуда, ба онҳо дар бораи ба садама ва дигар фоҷиа гирифтор шудани фарзандонашон хабарҳои бардурӯғ мерасонидаанд. Ба боварии шаҳрвандон даромада, аз онҳо гӯё барои табобати фарзандонашон мабағҳои калони пулӣ талаб кардаанд.

Таъкид мегардад, ки боздоштшудагон маблағи аз шаҳрвандони Тоҷикистон бадастовардаашонро тавассути ҳамёнҳои электронӣ ба хориҷа интиқол додаанд.

Ҳоло маълум нест, ки боздоштшудагон рақамҳои телефони сокинонро чӣ гуна дастрас кардаанд ва ҳамакнун, нисбати онҳо мушаххасан бо кадом банди Кодекси ҷиноятӣ иттиҳом эълон шудааст.

Ҳамчунин, назари худи боздоштшудагон ва ё пайвандону вакилони дифоашон низ маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир фиребгариву қаллобӣ тавасути телефон дар Душанбе бештар шудааст, ки дар он ҳамлагарон бо истифода аз фанновариҳои зеҳни сунъӣ ба садои хешовандони наздики қурбониён тақлид мекунанд ва аз онҳо маблағи калонро ба даст меоранд. Дар ин бора  сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд ва мардумро огоҳ месозанд. Роҳҳои  муҳофизат аз қалобони интернетӣ ва нақли шахсони фиребхӯрдаро  дар маводи зерин мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.