КҲФ Тоҷикистон: дар роҳҳои мошингард сел фаромад

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 18 июн бар асари боришот аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел фаромадааст. “Дар натиҷа роҳи байни деҳаҳо баста шуда, ҷиҳати рафъи вазъият тадбирҳо андешида мешаванд”, – омадааст дар хабар. […]

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 18 июн бар асари боришот аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел фаромадааст.

“Дар натиҷа роҳи байни деҳаҳо баста шуда, ҷиҳати рафъи вазъият тадбирҳо андешида мешаванд”, – омадааст дар хабар.

Ҳамин рӯз соати 19:45 дар километри 39-уми роҳи мошингарди Лабиҷар – маркази ноҳияи Санговор сел фаромада, ин қитъаи роҳ баста шудааст.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи махсуси хадамоти истифодаи роҳи ноҳия сафарбар шуда, соати 02:05 дақиқаи 19 июн роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт тариқи он барқарор карда шуд.

Гуфта мешавад, рӯзи 17 июн дар километр и 140-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки тариқи мавзеи Сариқоши ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омада, дар натиҷа роҳ баста шудааст.

“Барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳи алтернативӣ (дигар) кушода шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон хадамоти истифодаи роҳ ва техникаи махсуси ноҳияи Нуробод сафарбар шуданд”, – менависад КҲФ.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асари ҳодисаҳои селфароӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳои зиёд ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.