КҲФ Тоҷикистон: дар роҳҳои мошингард сел фаромад

Date:

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳодисаҳои селфароӣ ба қайд гирифта шуд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, шоми рӯзи 18 июн бар асари боришот аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Росровути ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел фаромадааст.

“Дар натиҷа роҳи байни деҳаҳо баста шуда, ҷиҳати рафъи вазъият тадбирҳо андешида мешаванд”, – омадааст дар хабар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамин рӯз соати 19:45 дар километри 39-уми роҳи мошингарди Лабиҷар – маркази ноҳияи Санговор сел фаромада, ин қитъаи роҳ баста шудааст.

Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи махсуси хадамоти истифодаи роҳи ноҳия сафарбар шуда, соати 02:05 дақиқаи 19 июн роҳ тоза ва ҳаракати нақлиёт тариқи он барқарор карда шуд.

Гуфта мешавад, рӯзи 17 июн дар километр и 140-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки тариқи мавзеи Сариқоши ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омада, дар натиҷа роҳ баста шудааст.

“Барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳи алтернативӣ (дигар) кушода шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон хадамоти истифодаи роҳ ва техникаи махсуси ноҳияи Нуробод сафарбар шуданд”, – менависад КҲФ.

Зимнан зикр мегардад, ки бар асари ҳодисаҳои селфароӣ талафоти ҷонӣ ва харобиҳои зиёд ба қайд гирифта нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...