Гаронтарин футболбози минтақаи Осиёи Марказӣ кист?

Date:

Нимҳимоятгари ЦСКА (Русия) ва мунтахаби Ӯзбекистон Аббосбек Файзуллоев гаронтарин футболбози минтақаи Осиёи Марказӣ эътироф шуд.

Бино ба маълумоти портали Transfermarkt, арзиши футболбоз 1 млн зиёд шуда, акнун 6 млн евроро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, болоравии арзиш бевосита ба комёбиҳои футболбози 20-сола вобаста аст: Файзуллоев ҳам дар даста ва ҳам дар тими мунтахаб бозии хуб нишон медиҳад.

Дар 32 бозии мавсими гузашта дар ҳайати ЦСКА Аббос 5 гол зда, 14 партоби головар анҷом додааст. Дар ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон Файзуллоев бори нахуст дар таърих ҳамроҳи даста ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт.

Дар зинаи дуюм аз рӯйи нарх дар минтақа боз як ӯзбекистонӣ, ҳамлагари тими “Каляри”-и Италия Элдор Шомуродов ва нимҳимоятгари мунтахаби Қазоқистон ва тими “Бешикташ”-и Туркия Бахтиёр Зайнутдинов қарор доранд. Нархи ҳар кадоме аз онҳо 5 млн евро арзёбӣ шудааст.

Гаронтарин футболбози тоҷик дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов – мебошад, ки нархаш 1,2 млн евро арзёбӣ шудааст. Чанде пеш ӯ ба дастаи Премйер-лигаи Русия – “Ростов” гузашт.

Ҳамчунин ба рӯйхати футболбозони гарон аз Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчи») ва Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – ҳар кадоме 700 ҳазор евро, Парвиз Умарбоев (ЦСКА 1948) ва Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – ҳар кадоме 500 ҳазор евро шомил шудаанд.

Футболбози гаронтарин дар Қирғизистон Гулжигит Аликулов аз тими “Неман”-и Беларус – 550 ҳазор евро мебошад. Гаронтарин футболбози Туркманистон – бизингари “Китчи” Руслан Миргазов – 450 ҳазор евро эътироф шудааст.

Ҳаштгона (Топ-8)-и гаронтарин футболбозони минтақаи Осиёи Марказӣ:

1. Аббосбек Файзуллоев (Ӯзбекистон), ЦСКА М – 6 млн евро.

2. Элдор Шомуродов (Ӯзбекистон), «Кальяри», Бахтиёр Зайнутдинов (Қазоқистон), «Бешикташ» –  ҳар кадоме 5 млн. евро

3. Азиз Ғаниев (Ӯзбекистон), «Шабоб Ал-Ахли», Нурали Алип (Қазоқистон), «Зенит» – ҳар кадоме 3 млн. евро

ИЗОБРАЖЕНИЕ

4. Абдуқодир Хусанов (Ӯзбекистон), «Ланс» – 2,50 млн. евро

5. Отабек Шукуров (Ӯзбекистон), «Кайсериспор» – 2,20 млн. евро

6. Ҷалолиддин Машарипов (Ӯзбекистон), «Эстеглал» – 1,70 млн. евро

7. Хушниддин Алиқулов (Ӯзбекистон), «Ризеспор», Одилҷон Ҳамробеков (Ӯзбекистон), «Навбаҳор», Игор Сергеев (Ӯзбекистон), «Патхум Юнайтед», Рустам Ятимов (Тоҷикистон), «Истиқлол» –  ҳар кадоме 1,20 млн. евро

8. Ҳоҷиакбар Алиҷонов (Ӯзбекистон), «Пахтакор», Азизбек Тургунбоев (Ӯзбекистон), «Сивасспор», Хоҷимат Эркинов (Ӯзбекистон), «Ал-Вахда» – ҳар кадоме 1 млн. евро.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...