Аз полизу заминҳои наздиҳавлигӣ тамоми кишварро хӯрондан мумкин аст

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон чанде рӯз пеш натиҷаҳои таҳқиқот дар бораи сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии аҳолии кишварро чоп кард. Таҳқиқот 16 категорияи даромади аҳолиро дар бар мегирад. Миёни сарчашмаҳои асосӣ даромади аъзои оила, ки дар дигар давлатҳо зиндагӣ мекунанд, шуғли мустақилона, меҳнати кироя ва истеҳсоли молу маҳсулот барои истифодаи шахсӣ номбар шудааст. Дар зинаи […]

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон чанде рӯз пеш натиҷаҳои таҳқиқот дар бораи сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии аҳолии кишварро чоп кард.

Таҳқиқот 16 категорияи даромади аҳолиро дар бар мегирад. Миёни сарчашмаҳои асосӣ даромади аъзои оила, ки дар дигар давлатҳо зиндагӣ мекунанд, шуғли мустақилона, меҳнати кироя ва истеҳсоли молу маҳсулот барои истифодаи шахсӣ номбар шудааст.

Дар зинаи 5-ум даромад аз хоҷагиҳои шахсии ёрирасон номбар шудааст. Таҳқиқот нишон дод, ки 9%-и аҳолӣ аз ҳисоби даромад аз ин хоҷагиҳо, ки аз заминҳои наздиҳавлигӣ (полиз ё худ огород) ва қитъаи иловагии замин иборатанд, зиндагӣ мекунад.

Таҳқиқот тибқи маълумоти соли 2022, вақте ки теъдоди аҳолӣ 9,6 млн (айни замон – 10,3 млн) нафарро ташкил медод, гузаронида шудааст.

Аммо ин вазъиятро тағйир намедиҳад, зеро давоми ду сол дар таносуби фоизӣ чизе тағйир наёфтааст.

Ба ин тариқ, тибқи маълумоти Агентӣ, зиёда аз 867 ҳазор аҳолӣ хоҷагии шахсии ёрирасонро ба сифати сарчашмаи асосии даромад истифода бурда, байни онҳо ҳиссаи ҷавонони синни аз 20 то 35 сола – беш аз 368 ҳазор зиёд – зиёд аст, ки 42,5%-ро ташкил медиҳад.

Имрӯз аз хоҷагиҳои шахсии ёрирасон тақрибан 11%-и аҳолии деҳот ва 3,4% – аҳолии шаҳрҳои Тоҷикистон даромад мегиранд.

Дар минтақаҳо вазъият тариқи зайл аст:

ВМКБ – 20,72% аҳолӣ (аз ҳама зиёдтар дар Ванҷ – 33,76%)

Хатлон – 12,36% (аз ҳама зиёдтар дар ноҳияи Панҷ – 25,23%)

Суғд – 9,15% (аз ҳама зиёдтар дар ноҳияи Деваштич – 23,35%)

Гурҳи Ноҳияҳои тобеи марказ – 5,7% (аз ҳама зиёдтар дар Нуробод – 13,17%).

Хоҷагиҳои ёрирасон метавонанд мушкилоти амнияти озуқавориро ҳал кунанд

Бино ба маълумоти оморӣ, айни замон 227,3 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ ба сифати қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва иловагӣ дар ихтиёри аҳолӣ қарор дорад, ки ин 19,85%-и ҳамаи заминҳои кишти Тоҷикистон (859,8 ҳазор гектар) мебошад.

Аз ин миқдор дар 170,7 ҳазор гектар аҳолӣ гандум, шолӣ (биринҷ), сабзавоту мева парвариш мекунад. Нисбат ба хоҷагиҳои давлатӣ ва фермерӣ, саҳми онҳо дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон бештар пурсамар аст.

Масалан, ҳиссаи моликони хоҷагиҳои шахсии ёрирасон дар парвариши зироати ғалладона ҳудуди 30%, картошка – 43%, сабзавоту полезиҳо – 45%-ро ташкил медиҳад.

Бо истифода аз имконоти хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ҳудуди 90%-и маҳсулоти чорводорӣ (бахусус гӯшту шир) аз ҷониби худи аҳолӣ истеҳсол мешавад. Ба ин тариқ, бо дар ихтиёр доштани 5 баробар камтар замин нсбат ба хоҷагиҳои давлатӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ, хоҷагиҳои шахсии ёрирасон ба истеҳсоли қариб нисфи маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон қодиранд.

Мувофиқи қонун, кор баҳри пешбурду рушди хоҷагии шахсии ёрирасон ба фаъолияти соҳибкорӣ дохил намешавад.

Тавре ки дида мешавад, имконоти хоҷагиҳои шахсии ёрирасон дар Тоҷикистон хеле зиёд аст. Мутаассифона, бисёре аз оилаҳо ба парвариши маҳсулот дар қитъаҳои наздиҳавлигии худ ҷиддӣ машғул нашуда, дигар сарчашмаҳои даромад ва пеш аз ҳама пулкоркунӣ дар дигар каишварҳоро афзалтар медонанд. Онҳо аз ҷониби мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои соҳавӣ ва бонкҳо мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирӣ қарор намегиранд. Масалан, бонкҳо метавонистанд ба онҳо қарзҳои имтиёзнок диҳанд.

Зеро дар сурати дастгирии хоҷагиҳои шахсии ёрирасон метавон самаранокии онҳо чандин маротиба зиёд кард ва мушкилоти амнияти озуқавории кишварро ҳал намуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.