Боздошти директори “Гардуна” барои фиреби беш аз 80 нафар бо ваъдаи корёбӣ дар Чехия

Date:

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон директори пешини ҶДММ “Гардуна”-ро бо иттиҳоми қаллобӣ ва фиреб додани беш аз 80 нафар боздошт карда, алайҳаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Тавре дар сомонаи ин ниҳод хабар дода мешавад, Рустамов Т.А. дар вазифаи директор оид ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶДММ “Гардуна” фаъолият намуда, бо роҳбарияти генералии ин ҷамъият бо “маслиҳати пешакӣ” 82 шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб додаанд.

Аз шариконаш директори генералӣ Арабов Б.Г., сармуҳосиб Хушқадамова Т.М. ва шаҳрванди Чехия Васлав С. ном бурда шудааст.

“…аз шаҳрвандон барои дар Чехия бо ҷои кор таъмин намудан дар умум 98 500 сомонӣ ва 50 430 доллари ИМА гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, ба онҳо зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд”, – менависад Агентии зиддифасоди Тоҷикистон.

Ҳоло нисбати Рустамов Т.А. бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристода шудааст.

Ин банди қонунгузорӣ то 5 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Аммо перомуни дигар “шариконаш” иттилое дода намешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...