Ҳалокати 8 нафар дар 2 садамаи нақлиёт давоми 1 шабонарӯз

Бар асари ду садамаи нақлиёти марговар дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи 2 июл дар километри 50-уми роҳи Душанбе-Варзоб-Хуҷанд автомашинаи «Daewoo Nexia» (рақами давлатиаш 40Н174 GB uz), ки аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекард, бо автомашинаи боркаши КамАЗ бармехӯрад. “Дар натиҷа ронанда ва 2 мусофири мошини сабукрав (2 марду 1 зан), […]

Asia-Plus

Бар асари ду садамаи нақлиёти марговар дар қаламрави Тоҷикистон 8 нафар ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи 2 июл дар километри 50-уми роҳи Душанбе-Варзоб-Хуҷанд автомашинаи «Daewoo Nexia» (рақами давлатиаш 40Н174 GB uz), ки аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекард, бо автомашинаи боркаши КамАЗ бармехӯрад.

“Дар натиҷа ронанда ва 2 мусофири мошини сабукрав (2 марду 1 зан), ки ҳама шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд, – хабар медиҳад КҲФ-и ҷумҳурӣ. – Шахсияти ронанда маълум шуд – Бойгитов Нурмаҳмад, соли таваллудаш 1964, сокини вилояти Фарғона. Барои муайян кардани шахсияти ҳалокшудагони дигар Кумита ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи кишвари ҳамсоя муроҷиат кард”.

Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

“Нимаи дуюми рӯз дар роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ дар наздикии деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ сокини 32-солаи ин деҳа ҳангоми ҳаракат аз маркази ноҳия аз уҳдаи идораи автомашинаи «Musso» набаромада, дар натиҷа мошин ба ҷарии 450-метра сарозер меравад”, – хабар медиҳад Кумита.

Ба иттилои манбаъ, ронанда ва мусофирони мошин – ҳамсар ва 3 фарзанди 2, 5 ва 7-солаи ин оила дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Тайи рӯзҳои ахир ин дуюмин ҳодисаи садамаи нақлиёт бо қурбонии зиёд аст. Рӯзи 27 июн дар канори шаҳри Кӯлоб бар асари садамаи нақлиёт 7 нафар сокинони ноҳияи Муъминобод ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.