Пешгирӣ аз худкушии як зан дар Хуҷанд. Ӯ худро ба дарёи Сир партофтааст

Date:

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз худкушии як зан пешгирӣ кардаанд. Ин зан худро ба дарё андохтааст.

Ҳодиса бегоҳии рӯзи 3-юми июл рух додааст. Ба иттилои Мирзораҳим Абдуллоев, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд ин зан худро ба дарёи Сир партофтааст.

“Ин зан сокини 28-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, мехост бо роҳи ғарқшавӣ даст ба худкушӣ занад”, – гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.

Ба иттилои ӯ, кормандони КҲФ вақти баргузории рейд шоҳиди ин ҳодиса шуда, дар зудтарин фурсат занро наҷот додаанд.

Бояд гуфт, ки даст ба худкушӣ задани сокинон яке аз мушкилҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо соли 2023 дар Тоҷикистон 413 ҳолати суиқасд ба худкушӣ (соли 2022 – 415 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти дастрасшуда, миёни шахсоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, мардон зиёдтаранд – 215 ҳолат (соли 2022 – 212 ҳолат), байни занон – 198 ҳолат (соли 2022 – 203 ҳолат).

Шумори ҳодисаҳои худкушӣ байни ноболиғон 5 ҳолат зиёд шуда, ба 47 адад расидааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...