Пешгирӣ аз худкушии як зан дар Хуҷанд. Ӯ худро ба дарёи Сир партофтааст

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз худкушии як зан пешгирӣ кардаанд. Ин зан худро ба дарё андохтааст. Ҳодиса бегоҳии рӯзи 3-юми июл рух додааст. Ба иттилои Мирзораҳим Абдуллоев, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд ин зан худро ба дарёи Сир партофтааст. “Ин зан сокини 28-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров […]

Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз худкушии як зан пешгирӣ кардаанд. Ин зан худро ба дарё андохтааст.

Ҳодиса бегоҳии рӯзи 3-юми июл рух додааст. Ба иттилои Мирзораҳим Абдуллоев, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хуҷанд ин зан худро ба дарёи Сир партофтааст.

“Ин зан сокини 28-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, мехост бо роҳи ғарқшавӣ даст ба худкушӣ занад”, – гуфт Мирзораҳим Абдуллоев.

Ба иттилои ӯ, кормандони КҲФ вақти баргузории рейд шоҳиди ин ҳодиса шуда, дар зудтарин фурсат занро наҷот додаанд.

Бояд гуфт, ки даст ба худкушӣ задани сокинон яке аз мушкилҳои мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад. Танҳо соли 2023 дар Тоҷикистон 413 ҳолати суиқасд ба худкушӣ (соли 2022 – 415 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти дастрасшуда, миёни шахсоне, ки даст ба худкушӣ задаанд, мардон зиёдтаранд – 215 ҳолат (соли 2022 – 212 ҳолат), байни занон – 198 ҳолат (соли 2022 – 203 ҳолат).

Шумори ҳодисаҳои худкушӣ байни ноболиғон 5 ҳолат зиёд шуда, ба 47 адад расидааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.