Раҳбарияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то ҳанӯз аз пардохт нагардидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронӣ мекунад

Душанбе. 18-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то ҳанӯз аз пардохт нагардидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронии шадид мекунад. Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарчашма аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ медиҳад, ки ҳаҷми умумии қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳ ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ беш аз 41 млн. сомониро ташкил додааст. […]


Душанбе. 18-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» – Раҳбарияти нерӯгоҳи Сангтӯда-1 то ҳанӯз аз пардохт нагардидани қарзи ширкати «Барқи тоҷик» изҳори нигаронии шадид мекунад.




Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо истинод ба сарчашма аз ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» иттилоъ медиҳад, ки ҳаҷми умумии қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳ ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ беш аз 41 млн. сомониро ташкил додааст. Намояндаи раёсати сохтмон таъкид сохтааст, ки ҷониби Тоҷикистон барои пардохти маблағи истифодаи барқ аз нерӯгоҳ масъул аст.



Намояндагони ҶСК «Нерӯгоҳи Сангтӯда-1» изҳор доштаанд, ки ба дарозо кашидани мӯҳлати пардохти қарз аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ба пардохти саривақтии маоши сохтмончиёну коргарон ва мӯҳлати ба истифода додани агрегати чаҳоруму охирини нерӯгоҳ таъсири манфӣ мерасонад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.