Арзиши навшудаи бозингарони чемпионати футболи Тоҷикистон маълум шуд

Портали Transfermarkt, ки трансфер (гузариш) ва арзиши футболистонро муайян мекунад, маълумот доир ба дастаҳо аз Тоҷикистонро нав кард. Аз рӯи маълумоти навшудаи портал 11-гона (топ-11)-и гаронтарин футболбозон маълум шуд: Аз лиҳози арзиш дар муқоиса бо қаблан навшавии маълумот нархи Лигаи олии Тоҷикистон кам шуд. Имрӯз чемпионати Тоҷикистон 9,40 млн евро нарх дорад. Ин арзиши умумии […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Портали Transfermarkt, ки трансфер (гузариш) ва арзиши футболистонро муайян мекунад, маълумот доир ба дастаҳо аз Тоҷикистонро нав кард.

Аз рӯи маълумоти навшудаи портал 11-гона (топ-11)-и гаронтарин футболбозон маълум шуд:

Аз лиҳози арзиш дар муқоиса бо қаблан навшавии маълумот нархи Лигаи олии Тоҷикистон кам шуд. Имрӯз чемпионати Тоҷикистон 9,40 млн евро нарх дорад. Ин арзиши умумии 12 даста буда, лекин тибқи фарзияи портал, на ҳамаи дастаҳо ба рӯйхат шомил шудаанд.

Арзиши дастаҳои футболи Тоҷикистон:

Лигаи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳоро огоҳ кард, ки равзанаи трансферӣ (гузариш) 1 июл боз шуда, дар доираи он дастаҳо бозингарони навро барои иштирок дар мавсим ворид карда метавонанд. Футболбозонро то 28 июл метавонанд ба қайд гиранд.

Дар Чемпионати футболи Тоҷикистон-2024 танаффуси тобистона оғоз гардида, айни замон “Истиқлол”-и Душанбе бо касби 33 хол дар садри ҷадвали чемпионат қарор дорад.

Нимаи дуюми чемпионати футболи кишвар бо бозиҳои даври 13-ум рӯзи 9 август оғоз мешавад.

Чемпионати имсолаи 33-юми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар ду давр баргузор мешавад.

Қаблан тасмим гирифта шуд, ки шумораи иштирокчиёни Лигаи олӣ аз 10 ба 12-то зиёд мешавад. Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонӣ (иҷозатномадиҳӣ)-и бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2024 ширкат карда наметавонад.

Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз кард.

Ғайр аз ин, бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромадро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионат ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.