spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Даромади Тоҷикистон аз содироти барқ дар моҳи феврал 21,3% кам шуд

Моҳи феврали соли равон Тоҷикистон ба маблағи 2 млн 286 млн доллар қувваи барқ ба хориҷи кишвар содир кард, ки 21,3% ё худ 620 ҳазор доллар камтар нисбат ба моҳи гузашта аст.

Маблағи умумии аз содироти барқ бадастомада дар моҳҳои январ-феврали соли 2022 ҳудуди 5,2 млн долларро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омор.

Дар ҳамин давраи соли 2021 ҷумҳурӣ аз ҳисоби содироти барқ ба хориҷи кишвар 7 млн доллар маблағ ба даст овардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
"Барқи тоҷик" қарордодаш бо "Толибон"-ро шарҳ дод: "танҳо ҷанбаи иқтисодӣ дорад"

Раҳбарияти ШСХК “Барқи тоҷик” қаблан чандин бор изҳор дошта буд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон (октябр-апрел) барқи Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд баҳри дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани зербино, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ, зерситгоҳҳои барқӣ ва трансформаторҳо танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

“Дар давраи тирамоҳу зимистон Афғонистон шабонарӯзӣ 25-30 МВт барқ мегирад, ки ба ҳаҷми умумии таъминоти барқ дар кишвар таъсир намерасонад”, – зикр шуда буд дар изҳороти ахири”Барқи тоҷик”.

Гап сари он аст, ки аз моҳи октябр то моҳи апрел дар дохили Тоҷикистон камбуди барқ ба мушоҳида расида, сокинони минтақаҳо гоҳ-гоҳ аз интиқоли барқ маҳрум мешаванд.

Дар назар аст, ки аз моҳи апрел ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон то 400 МВт дар як шабонарӯз зиёд карда шавад. Ҳамчунин бо фарорасии фасли баҳор содироти барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон низ шурӯъ мешавад.

Мувофиқи қарордҳои имзошуда байни “Барқи тоҷик” ва ширкатҳои электроэнергетикии кишварҳои зикршуда, соли 2022 Тоҷикистон ба интиқоли 1,5 млрд кВт/соат барқ ба Афғонистон ва 1,4 млрд кВт/соат барқ  – ба Ӯзбекистон уҳдадор шуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
870 миллион сомонӣ: фоидаи Тоҷикистон аз фурӯши барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон дар соли 2021

Қобили зикр аст, ки барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент ва Ӯзбекистон – 2 сент маблағ пардохт мекунанд.

Нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ раҳбарияти “Барқи тоҷик” дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки қарзи ширкати Афғонистон ба Тоҷикистон аз истифодаи барқ аз 33 млн доллар дар аввали соли 2022 то ба 27 млн доллар кам шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омор, давоми моҳҳои январ-феврал дар Тоҷикистон ҳудуди 3,8 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 9,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...