Навбати Абдуҳалим Ғаффоров? Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоботи дохилиҳизбӣ мегузаронад

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд ва дар он раис ва муовинонаш аз нав интихоб мешаванд. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси кунунии ҳизб ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Пештар аз ин як манбаи дигар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҲСТ рӯзи 23-юми июл анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд ва дар он раис бо муовинонаш барканор мешаванд […]

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд ва дар он раис ва муовинонаш аз нав интихоб мешаванд. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси кунунии ҳизб ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.

Пештар аз ин як манбаи дигар ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҲСТ рӯзи 23-юми июл анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд ва дар он раис бо муовинонаш барканор мешаванд ва номзадҳои нав пешбарӣ хоҳанд шуд.

Абдуҳалим Ғаффаров дар тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” хабарро тасдиқ кард, ки рӯзи 23-юми июл дар анҷумани ғайринавбатӣ аз раисии ҲСТ канор меравад.

“Ман дар анҷумани ғайринавбатӣ ширкат меварзам ва боз номзадиамро ба раисии ҲСТ пешниҳод мекунам”, – таъкид кард Ғаффоров.

Аммо на манбаи мо ва на Абдуҳалим Ғаффоров сабаби баргузории анҷумани ғайринавбатӣ ва омили барканоршавии раис ва муовинонашро шарҳ надоданд.

Ҳамчунин, маълум нест, ки ба курсии раис ва муовинони ҳизб боз киҳо номзад ҳастанд.

Абдуҳалим Ғаффоров аз соли 2004 инҷониб раиси ҲСТ аст ва 3 бор дар солҳои 2006, 2013 ва 2020 номзад ба курсии президенти Тоҷикистон буд.

Макони баргузории анҷумани ғайринавбатӣ Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода интихоб шудааст ва он соати 9:00 оғоз хоҳад шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзи 20-уми июл Ҳизби ислоҳоти иқтисоди Тоҷикистон (ҲИИТ) ҳам анҷумани ғайринавбатӣ баргузор менамояд. Аммо аз ҲИИТ мегӯянд, ки дар анҷумани ғайринавбатӣ масъалаи барканории раиси ҳизб пешбинӣ нашудааст.

Бояд гуфт, ки баргузории анҷумани ғайринавбатии ҳизбҳои сиёсӣ дар чанд моҳи охир мавзӯи доғи расонаҳои Тоҷикистон гардидааст.

Ахиран Ҳизби демократи Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ғайринавбатӣ роҳбараш Саидҷаъфар Усмонзодаро барканор кард ва ба ҷои ӯ Шаҳбози Аброрро ба ин маснад интихоб намуд.

Пас аз чанде, рӯзи 14-уми июн Саидҷаъфар Усмонзода, ки вакили порлумон ҳам буд, “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” муттаҳам шуда, аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт гардид ва бар зиддиш парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.