Дар Амрико як ӯзбекистонӣ ба куштори 4 узви хонаводааш муттаҳам мешавад

Як зодаи Ӯзбекистон дар куштори чаҳор узви хонаводаи худ, аз ҷумла модараш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико муттаҳам мешавад. Нашрияи “New York Post” хабар дода, ки ин зодаи 24-солаи Ӯзбекистон 19 июл дар Бруклин модари худ, ҳамсари бародар ва ду ҷиянашро ба қатл расондааст. Кормандони пулиси Ню-Йорк соати 22:20 ҷасади Мавлуда Файзиеваи 56-сола, модари гумонбарро дар […]

centralasian.org

Як зодаи Ӯзбекистон дар куштори чаҳор узви хонаводаи худ, аз ҷумла модараш дар шаҳри Ню-Йорки Амрико муттаҳам мешавад.

Нашрияи “New York Post” хабар дода, ки ин зодаи 24-солаи Ӯзбекистон 19 июл дар Бруклин модари худ, ҳамсари бародар ва ду ҷиянашро ба қатл расондааст.

Кормандони пулиси Ню-Йорк соати 22:20 ҷасади Мавлуда Файзиеваи 56-сола, модари гумонбарро дар манзили зисташ бо захми корд пайдо кардаанд.

Ҷасади Камилаи 5-сола ва Темури 4-сола, бародарзодаҳои гумонбар аз дохили ҷевон пайдо шудаанд. Ҷасади модари кудакон Мафтуна Ҳакимова низ дар дохили ҷевон будааст.

Гумонбар боздошт шуда, эҳтимол бемории равонӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио